Президент бо мӯйноқиён суҳбат кард

  • Президент бо мӯйноқиён суҳбат кард
  • Президент бо мӯйноқиён суҳбат кард
  • Президент бо мӯйноқиён суҳбат кард
  • Президент бо мӯйноқиён суҳбат кард
  • Президент бо мӯйноқиён суҳбат кард
  • Президент бо мӯйноқиён суҳбат кард
  • Президент бо мӯйноқиён суҳбат кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 23 феврал ба шаҳри Мӯйноқ омад.

Ин яке аз ҷойҳои дурдасттарини мамлакати мо мебошад. То шаҳри наздиктарин – Қўнград – 100 километр, то маркази Қароқалпоқистон – Нуқус – 200 километр. Дар чунин масофаҳо табиист, ки дар алоқаи нақлиётӣ душвориҳо ба амал меоянд.

Аз ин рӯ, масъалаҳои беҳбуди зиндагӣ ва шароити мардуми Мӯйноқ, мушкилоте, ки онҳоро ба ташвиш овардааст, таҳти таваҷҷуҳи сарвари давлатамон қарор дорад. Дар бораи ободонии ин минтақа ду қарор қабул шуда, барномаҳои максаднок татбиқ гардиданд. Худи Президент ба Мўйноқ  ду маротиба  – солҳои 2018 ва 2019 ташриф овард.

Ҳамон вақт барои беҳтар намудани алоқаи нақлиёт дастурҳо дода шуданд. Мувофиқи онҳо роҳҳо таъмир карда шуда, фурудгоҳи Мӯйноқ таҷдид ва дубора ба истифода дода шуд.

Бандари ҳавоӣ, ки соли 1947 сохта шудааст, барои хидматрасонии киштиҳои хурд пешбинӣ шуда буд. Баъд кори аэропорт катъ гардид. Имрӯз фурудгоҳ, ки ҳаёти нав гирифт, бори нахуст самолёти Президенти Ӯзбекистонро қабул кард.

Сарвари давлат бо корҳои бунёдкоронаи ин ҷо шинос шуд.

Терминали нав, ки барои 50 мусофир хизмат мерасонад, сохта, хати парвоз ва перронҳо таъмир карда шуданд. Атрофи маҷмӯи аэровокзал кабудизор карда шуд.

Дар ин ҷо Президент бо намояндагони насли калонсол, раисони маҳаллаҳо, ёварони ҳокимон ва ҷавонони Мӯйноқ мулоқот кард.

 – Дар давоми панҷ соли охир мо бисёр чизҳоро омӯхтем, ба он чизе ки қаблан ғайриоддӣ менамуд, бовар кардем. Дар сафари нахустинам гуфтам, ки фарҳанг аз Мӯйноқ сар мешавад. Ин маҳз ҳамон чизест, ки рӯй дода истодааст. Мисоли ин фурудгоҳ аст. Акнун бинобар хатсайри Тошканд-Мўйноқ-Нуқус парвозҳои ҳавоӣ ташкил карда хоҳанд шуд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Барои муттаҳид кардани саъй дар рушди минтақаи Арал, ҳар як ноҳияи Қароқалпоқистон ба яке аз вилоятҳо вобаста карда шудааст. Президент сабаб ва аҳамияти ин тадбирро шарҳ дод.

– Бисёриҳо мегӯянд, ки вазъияти минтақаи Арал бад аст. Аммо на ҳама инро бо чашми худ дидаанд. Аз ин рӯ, имрӯз аз тамоми гушаю канори ҷумҳурӣ роҳбаронро ба ин ҷо фиристодам, то аз ҳавои Арал нафас гиранд, шароитро бубинанд ва баҳои одилона диҳанд. Мо ба рушди Қароқалпоқистон маблағи калон ҷудо менамоем, – гуфт сарвари давлат.

Сарвари давлат ба фикру ақидаи сокинони маҳалӣ оид ба мушкилоти имрӯза ва корҳои оянда дар Мӯйноқ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

– Дар ин ҷо одамони меҳнатдӯст, аз мушкилот обутобёфта зиндагӣ мекунанд. Мо бояд  барои кори онҳо шароит муҳайё намоем. Аммо кадом корҳонаҳоро бояд сохт? Кадом маҳсулот бояд истеҳсол карда шавад? Он чӣ гуна бозор хоҳад дошт? Ҳаракати ҳавоӣ бесабаб  ба роҳ монда нашуд. Акнун кашондани бор осонтар мешавад. Аз ин рӯ, ман аз шумо хоҳиш мекунам: дар бораи мушкилоти аз ҳама дардовар ба мо нақл кунед, ғояҳои андешидашуда ва фоидаоварро пешниҳод кунед. Мо бояд якҷоя бо шумо барои ду соли наздик нақшаҳои дақиқ муайян намоем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Намояндагони аҳли ҷамъият дигаргуниҳои дар минтақа ба амал омадаро кайд намуда, аз рӯи масъалаҳои мубрам таклифҳо пешниҳод карданд. Сарвари давлат онҳоро дастгирӣ намуда, ба масъулин супоришҳои дахлдор дод. Зарурати дар баробари кишоварзӣ рушди соҳаи хизматрасонӣ, бахусус, додани имтиёзҳои андозӣ барои бахши фароғатӣ зикр гардид. Ин ба рушди сайёҳии дохилӣ, созмон додани ҷойҳои корӣ хидмат мекунад.

Ноҳияи Мўйноқ ба вилояти Тошканд вобаста карда шудааст. Дар рафти вохӯрӣ ба намояндагони сокинони Мӯйноқ дар бораи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби соҳибкорони ин вилоят дар ноҳияи онҳо амалӣ карда мешаванд, тақдимот баргузор гардид. Инак, дар ноҳия ташкил кардани боғи истироҳат пешбинӣ шудааст. Пиронсолон ва бачагон ба сиҳатгоҳу лагерҳои бачагона фиристода мешаванд. Сарвари давлат ба масъалаи беҳбуди саломатии аҳолӣ таваҷҷуҳ намуда, зарурати зиёд кардани иловапулӣ ва бо манзил таъмин намудани табибонеро, ки барои кор ба минтақа меоянд, қайд кард. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: