Президент бо намоишгоҳи китобҳои дарсии авлоди нав шинос шуд

  • Президент бо намоишгоҳи китобҳои дарсии авлоди нав шинос шуд
  • Президент бо намоишгоҳи китобҳои дарсии авлоди нав шинос шуд
  • Президент бо намоишгоҳи китобҳои дарсии авлоди нав шинос шуд
  • Президент бо намоишгоҳи китобҳои дарсии авлоди нав шинос шуд
  • Президент бо намоишгоҳи китобҳои дарсии авлоди нав шинос шуд
  • Президент бо намоишгоҳи китобҳои дарсии авлоди нав шинос шуд
  • Президент бо намоишгоҳи китобҳои дарсии авлоди нав шинос шуд
  • Президент бо намоишгоҳи китобҳои дарсии авлоди нав шинос шуд

Сарвари давлатамон бо намоишгоҳи китобҳои замонавии дарсӣ “Беҳтар кардани сифати таълим – ягона роҳи дурусти рушди Ӯзбекистони Нав!” шинос шуд.

Илм, таълим, тарбия – усси асосии рушд, қувваест, ки иқтидори кишварро афзун мегардонад, таъкид намуд Президент Шавкат Мирзиёев.  Бинобар ин тамоми звеноҳои ин соҳа қатъиян ислоҳ карда ва ҳаматарафа инкишоф дода мешаванд. Афзалияти чоруми Стратегияи рушди кишвари мо рушди соҳаи таълим ва сармояи инсонӣ муайян шудааст. Идомаи мантиқии ин корҳо дар кишвари мо “Соли ғамхорӣ ба инсон ва таълими босифат” эълон гардидани соли 2023 гардид.

Омили муҳими баланд бардоштани сифати таълим ва бедор кардани шавқу рағбати кӯдакон ба дониш, пеш аз ҳама, дастрасии китобҳои дарсии баландсифат мебошад. Дар Консепсияи рушди низоми таълими халқ то соли 2030, ки бо фармони сарвари давлат аз 29 апрели соли 2019 тасдиқ шудааст, вазифаҳо оид ба такмил додани услуби дарсдиҳӣ муайян шудаанд. Мутаносибан дар се соли охир дар бобати нав кардани китобҳои дарсӣ корҳо ба ҷо оварда шуданд. Китобҳои дарсӣ барои синфҳои 1-4 аз тарафи гурӯҳи махсуси корӣ дар асоси усулҳои пешқадами хориҷӣ нав тартиб дода шудаанд.

Дар намоишгоҳ ба сарвари мамлакати мо дар бораи мазмуну муҳтавои ин китобҳои дарсӣ маълумот дода шуд.

Онҳо дар асоси тамоюли 4K – тафаккури интиқодӣ, эҷодкорӣ, ҳамкорӣ ва коммуникатсия – малакаҳое таҳия шудаанд, ки барои инсони асри XXI муфидтаранд. Яъне китобҳои дарсӣ дар хонандагон қобилияти тафаккури танқидӣ, эҷодкорона муносибат кардан ба супориш, кор ва муошират кардан дар дастаро ташаккул медиҳанд.

Ҳангоми таҳияи китобҳои нави дарсӣ вазифаҳои намунавии чунин барномаҳои байналмиллалӣ, аз қабили PISA, PIRLS, TIMSS, EGMA, EGRA асос гирифта шудаанд. Дар баробари китобҳои дарсӣ дафтарҳои корӣ ва аёниятҳои услубӣ барои омӯзгорон тартиб дода шудаанд. Платформаи омӯзишии электронии Estudy низ ба ин система ворид карда шудааст. Онро ҳам дар вақти дарс ва ҳам дар вақти холӣ истифода бурдан мумкин аст.

Президент бо китобҳои нави дарсӣ шинос шуда, оид ба мазмуну мундариҷаи онҳо тавсияҳо дод.

– Истифодаи таҷрибаи ҷаҳонии педагогӣ қарори хуб аст. Аммо дар баробари ин бояд дар китобҳои дарсӣ ғояи миллӣ, мероси ниёгони мо ҷой дошта бошад. Масалан, дар соҳаи маориф корҳои назаррасро аҷдодони ҷадиди мо ба сомон расонидаанд. Ман ба наздикӣ Элбекро хондам. Вай навиштааст, ки касе, ки ба духтарон таълим медиҳад, вай тамоми ҷамъиятро тарбия мекунад. Ва дар китобҳои дарсии мо ин омил ба эътибор гирифта нашудааст. Ман чӣ гуфтан мехоҳам: бояд китобҳои дарсиамонро то ҳадди имкон мукаммал таҳия кунем, то дубора ба ин масъала баргарнадем. Он низоми маорифе, ки имрӯз мо бунёд карда истодаем, пас аз 40 сол дар бораи мо нақл хоҳад кард, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ба масъалаҳои дар амал ҷорӣ намудани китобҳои дарсӣ низ дахл карда шуд.

Китобҳои дарсии насли нави пешниҳодшуда аз экспертизаи байналмилалӣ, инчунин дар мактаби рақами 134-и пойтахт аз апробатсия гузаштаанд. Натиҷаҳои пешакӣ нишон дод, ки муваффақиятҳои хонандагон аз рӯи китобҳои нави дарсӣ нисбати 67 фоизи азхудкунӣ оид ба барномаи ҷорӣ 88 фоизро ташкил медиҳад.

Дар намоишгоҳ дарси намоишӣ бо иштироки хонандагони яке аз синфҳои ибтидоӣ намоиш дода шуд, ки дар он китоби нав санҷида шуд. Дар мактабе, ки модели таҳсилоти фарогир ҷорӣ шудааст, дар баробари кӯдакони оддӣ кӯдакони эҳтиёҷоташон хосса низ таҳсил мекунанд.

Сарвари давлат бо омӯзгорону кӯдакон суҳбат кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: