Президент Шавкат Мирзиёев дар рафти сафарҳо ба минтақаҳо ҳамеша кӯшиш мекунад, ки бо одамон бевосита муошират кунад, сатҳи зиндагии мардумро бо чашми худ бубинад.
Номгӯйи маҳсулот ва ҳолати нархҳо дар бозори дохилӣ нишондиҳандаи муҳими сатҳи зиндагӣ мебошад.
Дар остонаи соли нав дар шаҳри Қаршӣ маҷмааи серошёнаи савдои дорои супермаркет, мағозаҳои техникаи маишӣ, асбобу анҷоми рӯзгор ва муассисаҳои фароғатӣ ба истифода дода шуд.
Имрӯз сарвари давлатамон маҷмааро тамошо кард. Вай аз супермаркет ва мағозаи техникаи маишӣ дидан кард. Бо сифат ва нархи маҳсулот шинос шуд. Ба он баҳои баланд дод, ки қисми зиёди маҳсулот дар мамлакати мо истеҳсол мешавад.
Президент дар суҳбат бо харидорон ба фикри онҳо оиди нархи хӯрокворӣ ва сифати хидматрасонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.