Президент бо шароити хидмат ва зисти сарҳадбонон шинос шуд

  • Президент бо шароити хидмат ва зисти сарҳадбонон шинос шуд

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёев ба яке аз взводҳои Қӯшуни сарҳадии Хидмати бехатарии давлатӣ дар вилояти Сурхондарё ташриф овард.

Сарвари давлат бо шароити бинои маъмурии застава шинос шуда, техникаи ҳарбӣ ва аслиҳаи истифодабарии сарҳадбононро аз назар гузаронд. Аҳамияти истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар ҳифзи Сарҳади давлатӣ қайд карда шуд.

Президент бо тадбирҳои ҳифзи сарҳади Ӯзбекистону Афғонистон шинос шуд.

Дар мамлакати мо дар баробари баланд бардоштани тайёрии ҷангии қӯшунҳо ба ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо диққати калон дода мешавад. Дар назди ҷойгиршавии взвод хонаҳои сарҳадчиён бо майдони кабудизоршуда қомат рост кардаанд.

Сарвари давлат дар меҳмонии яке аз манзилҳои истиқоматӣ шуда, бо аъзоёни оилаҳои хидматчиёни ҳарбӣ суҳбат кард.

— Дар вазифаҳояшонро хотирҷамъона ба ҷо овардани муҳофизони Ватан нақши шумо бузург аст, тарбияи фарзандон ба шумо вобаста аст. Шумо ба шавҳаронатон кумак расонда, шуҷоати бузург нишон медиҳед. Шумо ҳам Ватанро ҳимоя мекунед, — гуфт Шавкат Мирзиёев ба ҳамсарони низомиён.

Дар саҳни хонаҳо майдончаҳои бачагонаю варзишӣ мавҷуд буда, сехи дӯзандагӣ ва сехи қаннодӣ ташкил карда шудааст. Барои ба мактаб ва боғчаи бачагон бурда овардани бачагон автобус хидмат мерасонад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: