Президент бо шароити маҳалла шинос шуд

Президент Шавкат Мирзиёев 23 ноябр ба маҳаллаи Сархумдони ноҳияи Шайхонтаҳури шаҳри Тошканд ташриф овард.

Президент Шавкат Мирзиёев 23 ноябр ба маҳаллаи Сархумдони ноҳияи Шайхонтаҳури шаҳри Тошканд ташриф овард.

Ҳалли мушкилот дар маҳалҳо тавассути фаъолияти вазорату идораҳо дар сатҳи поёнӣ, татбиқи тамоми барномаҳо дар қисмати маҳаллаҳо имрӯз талаботи асосии сарвари давлатамон мебошад.

Дар маҳаллаи Сархумдон кор мувофиқи ин талабот ташкил карда шудааст. Роҳҳои дохилӣ ва майдончаҳои бачагона обод гардонда шуданд. Ба қарибӣ дар ин ҷо гузари нави маҳалла сохта шуд. Мағозаҳо ва бунгоҳҳои хидматрасонии маишӣ, майдончаҳои бачагона ва ҳарбию ватандӯстӣ кушода шуданд.

Дар маҳалла зиёда аз 6,5 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, 45 бинои бисёрошёна, боғчаи бачагона ва мактаби хусусӣ мавҷуд аст. Дар зиёда аз 10 корхонаи хурд ҷавонон ва занони маҳаллӣ кор мекунанд.

Президент бо шароити маҳалла шинос шуд. Ҳангоми азназаргузаронии майдончаи ҳарбию ватанпарварӣ оид ба ҷалби хизматчиёни ҳарбӣ ва варзишгарон ба ин ҷо, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ифтихори миллӣ ва мардонагӣ тавсияҳо дода шуд.

Дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» дар маҳалла дарахт шинонда, боғи хурд ташкил карда шуд. Шавкат Мирзиёев якҷоя бо оқсақолони маҳалла дар боғ дарахт шинонд. Намояндагони насли калонсол бо орзуҳои сулҳу субот дар кишварамон дуо карданд.

Сарвари давлатамон ғайричашмдошт қарор намуд, ки аз маҳаллаи Гулобод дидан кунад. Вай дар роҳ бо сокинон суҳбат карда, бо шароити маҳалла шинос шуд.

Анвархӯҷаотаи 93-сола Президентамонро дуо кард. Оқсақол дигаргуниҳои маҳалларо қайд карда, хоҳиш намуд, ки барои пиронсолон чойхона сохта шавад. Шавкат Мирзиёев ин пешниҳодро ҷонибдорӣ карда, ба пири муҳтарам саломатӣ таманно намуд.

Дар маҳаллаи Гулобод мактаби варзишии бачагонаву наврасон ва мактаби таълими ҳамагонии №45-и ноҳияи Шайхонтаҳур фаъолият нишон медиҳад. Президент низ аз ин мактабҳо дидан карда, бо омӯзгорон суҳбат орост.

– Чи тавре ки мебинед, мо кӯшиш дорем барои таълиму тарбия ва муаллимон шароит фароҳам оварем. Ман ба ин ҷо ташриф оварда, бароям хулосаҳои бисёр баровардам. Бинои ин мактабро низ таъмир мекунем. Барои дарс ва варзиш шароити хуб фароҳам оварда мешавад. Ин рӯз барои шумо таърихӣ хоҳад гардид, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Сарвари давлат бо сокинони маҳалла суҳбат кард.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: