Президент бо сохтмони фабрикаи нав шинос шуд

  • Президент бо сохтмони фабрикаи нав шинос шуд
  • Президент бо сохтмони фабрикаи нав шинос шуд
  • Президент бо сохтмони фабрикаи нав шинос шуд
  • Президент бо сохтмони фабрикаи нав шинос шуд
  • Президент бо сохтмони фабрикаи нав шинос шуд
  • Президент бо сохтмони фабрикаи нав шинос шуд
  • Президент бо сохтмони фабрикаи нав шинос шуд
  • Президент бо сохтмони фабрикаи нав шинос шуд

Сарвари давлат бо рафти сохтмони корхонаи 3-юми коркарди миси комбинати маъдани куҳии Олмалиқ шинос шуд.

Сохтмони иншоот аз гузоштани санги нахустин 29 июли соли равон оғоз гардид. Ҳоло сохтмони таҳкурсии фабрика бо масоҳати 107 гектар давом дорад.

Арзиши лоиҳа 2 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки то имрӯз аз он 861 миллион доллар азхуд карда шудааст. Ширкати итолиёвии Wood дар тарҳрезӣ ва ширкати “Technip Energies”-и бритониёӣ дар арзёбии техникӣ ва қабули тарҳ ширкат доранд.

Бинои маъмурият ва шаҳраки бинокорон ба истифода дода шуда, сохтмони боз як шаҳрак давом дорад.

Ҷолиби диққат аст, ки дар шафати завод бо мақсади кам кардани хароҷоти сохтмон сехи металлургӣ комат рост карда истодааст.

Корхонаи нав анборҳои маъдан, корпусҳои суфтакунӣ, майдакунӣ ва флотатсионӣ, сехи гидрометаллургӣ, устохонаҳои таъмир, сехи коркарди партов ва дигар объектҳоро дар бар мегирад. Равандҳои кор бо истифодаи таҷҳизоти пешқадам ба амал бароварда мешаванд, ки ба кам кардани омили инсонӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулот ва таъмини бехатарии меҳнат нигаронида шудаанд.

Сарвари давлат оид ба суръат бахшидан ба сохтмони корхона ва ба истифода додани он то охири соли 2023 тавсияҳо дод.

Дар ҷаласае, ки дар шаҳрак баргузор шуд, нақшаҳои рушди корхонаи маъдани кӯҳии Олмалиқ то соли 2030 баррасӣ шуданд.

Ҳисоботе, ки тибқи кодекси JORC анҷом дода шудааст, нишон дод, ки захираҳои мис дар корхона 45 миллион тонна, захираи тилло беш аз 5 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад. Бар асоси ин нишондодҳо консепсия таҳия шудааст, ки то соли 2030 тавлиди мис ба 515 ҳазор тонна, тилло то 52 тонна, нуқра то ба 343 тонна расонда шавад. Ба ин далел, дар назар аст, ки тавлидоти солонаи ин корхона то ба 8 миллиард доллар расонда шавад.

Дар ҷамъомад таъкид шуд, ки дар чаҳорчӯби трансформатсияи корхона пеш аз ҳама равандҳои идоракунӣ, истеҳсолот ва таъминоти логистикиро рақамӣ кардан, самаранокии фаъолиятро баланд бардоштан зарур аст.

--Муҳимтарин вазифа -- дар ду соли оянда системаи муосири идоракуниро дар корхона ҷорӣ намуда, онро ба яке аз пешсафони ҷаҳон дар соҳаи металлургия, ба корхонае, ки бе дастгирии давлат кор карда метавонад, табдил додан иборат аст, -- гуфт Президент.

Сарвари давлат муҳим будани оғози корҳоро оид ба лоиҳасозии фабрикаи чоруми ғанигардонии маъдан дар баробари бунёди корхонаи сеюм таъкид кард. Дар натиҷа иқтидори коркарди маъданро ба 160 миллион тонна расонда, 3 баробар зиёд кардан мумкин.

Дар ҷамъомад ҳамчунин масъалаи таъсиси кластери мис баррасӣ шуд.

То имрӯз барои коркарди мис ва истеҳсоли маҳсулоти арзиши иловашуда 22 лоиҳа ба маблағи 76 миллион доллар ташкил шудааст.

Инчунин, дар рафти ташрифи давлатии Президент ба Куриёи Ҷанубӣ дар бораи созмон додани кластери нимноқилҳо ва электроника мувофиқа шуда буд.

Сарвари давлат оид ба пурзӯр намудани корҳо дар ин самт дастур дода, оид ба истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёзи электротехника, энергетика ва саноати мошинсозӣ супоришҳо дод.

Дар ин ҷо бо намояндагони маҳалла, ёрдамчиёни ҳоким ва пешвоёни ҷавонон вохӯрӣ баргузор гардид.

— Заводро ҳатман ба дараҷаи баланд мебарорем. Аммо бояд мардумро аз зиндагӣ қаноатманд гардонд. Хонаҳо бояд гармию роҳат, оби тоза дошта, бо қувваи барқ бефосила таъмин карда шавад. Мардум кори даромаднок дошта бошанд. Барои ин маҳз шумо бояд бигӯед, ки дар маҳалла чӣ гуна мушкилот мавҷуданд, барои ҳалли онҳо чӣ бояд кард, чӣ гуна шароит фароҳам оварда шавад. Аз ин рӯ, ошкоро сӯҳбат кунем нафъ хоҳад дод, -- гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ёрдамчиёни ҳоким оид ба коҳиши сатҳи бекорӣ, рушди соҳибкорӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ дар ҳудуди ба онҳо вогузоршуда, ҷалби ҷавонон ба варзиш нақл карданд. Сарвари давлат изҳори боварӣ кард, ки ёварон аз ӯҳдаи вазифаҳои дар наздашон гузошташуда бомуваффақият мебароянд ва пешниҳодҳои онҳоро дастгирӣ кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: