Президент бо технопарки Нуқус шинос шуд

  • Президент бо технопарки Нуқус шинос шуд

Президент Шавкат Мирзиёев ба технопарки ҷавонони Нуқус ташриф овард.

Маҷмааи мазкур барои амалӣ намудани истеъдод ва такмили маҳорати ҷавонон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ равона шудааст. Аз ҷумла, дар ин ҷо ҳамасола 1,5 ҳазор нафар писарону духтарон метавонанд дар 9 самт, аз қабили саводнокии компютерӣ, дизайни графикӣ, робототехника, моделсозии 3D ва акселератсия касб омӯзанд. Барои ин технопарк бо техникаи замонавӣ муҷаҳҳаз буда, дорои лабораторияву устохонаҳо мебошад.

Айни замон дар асоси ғояҳои хатмкунандагони курсҳои омӯзишӣ стартапҳо ташкил карда шуда, ба озмунҳои «Олими оянда», “Technoways”, “Start4 Region” наздики 50 лоиҳа пешниҳод шудаанд. Инчунин дар мавзӯи «Ташкили майдонҳои тухмӣ дар шароити хушкшудаи минтақаи назди Арал» лоиҳаи арзиши умумиаш 955 миллион сӯм низ ба амал бароварда мешавад. Лоиҳа барои истифода бурдани қаъри баҳри хушк, сарфаи об ва кам шудани намак дар хок ёрӣ мерасонад.

Умуман, технопарк ба ҷавонон барои амалӣ намудани ормону ғояҳои онҳо хизмат мерасонад.

Ба Сарвари давлат дар бораи лоиҳаҳои навоварони ҷавон дар истеҳсоли помидори хушки органикӣ, коркарди оби партов ва парвариши растаниҳо барои ғизои моҳӣ маълумот дода шуд. Ин тарҳҳои "сабз" сертификатҳои кишварҳои Аврупоро соҳиб шудаанд.

Президент зарурати тавсеаи маблағгузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои пешниҳодшударо таъкид кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: