Президент бо ҳаёти маҳалла шинос шуд

Сарвари давлат ба маҳаллаи Урганҷии ноҳияи Избоскан ташриф оварда, бо зиндагии мардум шинос шуд.

Сарвари давлат ба маҳаллаи Урганҷии ноҳияи Избоскан ташриф оварда, бо зиндагии мардум шинос шуд.

Дар маҳалла зиёда аз 3 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Имсол мактаби маҳаллии дорои 915 ҷой таъмир карда шуд. Дар тамоми кӯчаҳо корҳои ободонӣ идома доранд. Даҳҳо субъектҳои тиҷорати хурд мавҷуданд, шуғли аҳолӣ таъмин карда мешавад.

Сокинони маҳалла ҳунарманду кишоварз мебошанд. Ҷавононе, ки мехоҳанд бо деҳқонӣ машғул шаванд, 10 сотихӣ замин ҷудо карда, ба 150 хонавода 50 парранда дода шудааст.

 Шавкат Мирзиёев ба хонаи сокини маҳаллӣ Қурбоналӣ Уринбоев ташриф овард, бо фермаи паррандапарварии ӯ шинос шуд. Бо намояндагони маҳалла суҳбати самимона барпо гардид.

- Ҳоло барои ҳар як хона дар асоси имкониятҳояш нақшаи тиҷорӣ таҳия карда мешавад. Ташкилотҳои давлатӣ шароит фароҳам меоранд. Агар мо мувофиқи талаботи замон кор накунем, ба ҳадафҳои худ намерасем. Худованди бузург ба мо мувофиқи тарзи корамон подош хоҳад дод, - гуфт Президент.

Намояндагони насли калонсол бо таманнои сулҳ ба кишвар ва беҳбудии мардум даст ба дуо кушоданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: