18 ноябр дар шаҳри Тошканд аввалин ҷамъомади Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон пас аз интихобот баргузор шуд.
Дар он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок намуд.
Маҷлисро раиси Комиссияи марказии интихобот Зайниддин Низомхӯҷаев оғоз кард.
Суруди миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон садо дод.
Дар ҷараёни маҷлис Котибияти муваққатии маҷлиси нахустин, Комиссияи ҳисоб ва гурӯҳи муваққатии назорати истифодаи низоми электронии ҳисобкунии овозҳо интихоб гардиданд. Рӯзномаи маҷлис тасдиқ шуд. Раиси КМИ дар бораи натиҷаҳои интихоботи Палатаи қонунгузорӣ маълумот дод.
Тибқи пешниҳоди Шӯрои намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ вакилон бо овоздиҳии пӯшида Нуриддин Исмоиловро ба вазифаи Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб карданд.
Сипас раисии маҷлисро Спикер ба ӯҳда гирифт. Муовинони Спикер интихоб шуданд. Фраксияҳои панҷ ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуданд. Мутобиқи пешниҳодҳои мувофиқашудаи онҳо даҳ кумитаи Палатаи қонунгузорӣ таъсис дода шуданд.
Дар маҷлис Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суханронӣ кард.
Дар оғози суханронии худ роҳбари давлат депутатҳоро бо интихоб шуданашон табрик гуфта, қайд кард, ки ин нишонаи эътимод ва эҳтироми баланди мардум аст.
Таъкид гардид, ки интихоботи кунунии парлумонӣ ҳамчун нахустин интихобот, ки мутобиқи Конститутсияи таҷдидшуда гузашт, дар таърих сабт шуд. Ин раванд бори аввал бо низоми омехтаи интихоботӣ сурат гирифт.
Тибқи натиҷаҳои интихобот ба Палатаи қонунгузорӣ 150 вакил интихоб шуд. Аз онҳо 57 нафарашон зан ва 11 нафарашон ҷавонони то 35-сола мебошанд. Дар маҷмӯъ ҳайати палатаи поёнӣ тақрибан 60 дарсад нав шуд.
Фаъолияти палата дар панҷ соли охир баррасӣ гардид. Дар ин давра Конститутсия таҷдид шуда, зиёда аз 130 қонуни нав қабул гардид, ки ин нисбат ба давраи қаблӣ 1,5 маротиба зиёдтар аст.
Президент инчунин ба масъалаҳое таваҷҷуҳ зоҳир кард, ки аз мадди назари парлумон дур мондаанд. Масалан, ҳиссаи қонунҳое, ки амали мустақим ва механизмҳои возеҳи иҷро доранд, ҳанӯз ҳам кам аст. Назорати парлумонӣ ва вакилӣ ҳоло он қадар муассир нест.
Фаъолияти вакилон дар ҳавзаҳои интихоботӣ асосан ба ташкили вохӯриҳо, ҷавоб додан ба шикоятҳо ва саволҳо маҳдуд мешавад.
Сарвари давлат вазифаҳои нави Палатаи қонунгузориро баён намуд.
Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки барои таҳкими муколама дар назди ҳар як кумита бо иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ шӯроҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шаванд.
Дар кори кумитаҳои парлумонӣ муҳим аст, ки на танҳо назорат ва талабот, балки ҳамкории зич бо вазоратҳо низ ба роҳ монда шавад. Инчунин зарурати тақвияти интизоми ҳизбӣ ва фраксионӣ зикр гардид.
Президент қайд намуд, ки қонунгузорӣ бояд пеш аз ҳама барои ҳалли мушкилоти муҳими ҷомеа равона карда шавад ва як қатор ташаббусҳои қонунгузориро пешниҳод кард. Дар байни онҳо — сохтмони хонаҳои муосири истиқоматӣ дар ҷои хонаҳои кӯҳнашуда, кафолати ҳимояи маблағҳои шаҳрвандон, ки барои сохтмони манзил равона шудаанд, дастгирии таълими хусусӣ ва сармоягузорон дар соҳаи энергетика, ҷорӣ кардани суғуртаи ҳатмии тиббӣ, таъсиси асосҳои ҳуқуқӣ барои франчайзинг, бозори сармоя ва стартапҳо, инчунин муносибатҳое, ки дар соҳаи татбиқи зеҳни сунъӣ ба вуҷуд меоянд.
Барои фаъолтар кардани фаъолияти мухолифин пешниҳод шуд, ки шумораи ҳуқуқҳои кафолатдодаи мухолифини парлумонӣ аз 3 то 6 зиёд карда шавад, аз ҷумла додани мансаби як раиси кумита ва ду муовини раисони кумитаҳо, инчунин ҳуқуқҳои иловагӣ барои пешниҳоди масъалаҳо дар доираи "соати ҳукуматӣ" ва дархостҳои парлумонӣ.
Ба зарурати гузариш ба низоми васеъ ва босифати назорати парлумонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз ҷумла, мутобиқи Конститутсияи таҷдидшуда, назорати иҷрои Буҷети давлатӣ ваколати истисноии Палатаи қонунгузорӣ мебошад. Дар ин замина, зарурати тақвияти кори палата дар ин самт, аз ҷумла ҷорӣ кардани амалияи пешниҳоди ҳамаи ҳисоботи Ҳукумат дар бораи Буҷети давлатӣ ба палата танҳо ҳамроҳ бо хулосаи аудит, ки дар Кодекси буҷетӣ пешбинӣ шудааст, таъкид гардид.
Роҳбари давлат зарурати ташкили низомеро таъкид кард, ки дар он депутатҳо дар таҳияи барномаҳои сармоягузорӣ иштирок намуда, фикру мулоҳизаҳои онҳо ба инобат гирифта мешаванд. Илова бар ин, пешниҳод шуд, ки имкониятҳои молиявии минтақаҳо афзоиш дода шаванд, ба ин тариқ аз соли 2025 тамоми маблағҳои андоз аз замин, молу мулк ва муомилот, инчунин 50 фоизи даромад аз андози даромад дар маҳалҳо боқӣ монда шаванд.
Барои дастгирии фаъоли ташаббусҳои шаҳрвандон пешниҳод гардид, ки назди Палатаи қонунгузорӣ Комиссияи парлумонӣ оид ба ташаббусҳои дастаҷамъӣ таъсис дода шавад.
Дипломатияи парлумонӣ воситаи муҳими сиёсати хориҷии давлат аст. Бо мақсади рушди минбаъдаи чунин робитаҳо пешниҳод шуд, ки дар палатаи поёнӣ комиссияҳои парлумонӣ оид ба мувофиқсозии қонунгузорӣ бо созишномаҳои Созмони ҷаҳонии савдо, сабук кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва суръат бахшидан ба гузариш ба иқтисоди “сабз” таъсис дода шаванд.
Президент таъкид кард, ки узви парлумон будан дар чунин кишвари бузурге, мисли Ӯзбекистон, ки аҳолиаш беш аз 37 миллион нафарро ташкил медиҳад, шарафи бузург аст.
– Вакил хидматгори халқ, намуна барои ҳама, шахсе бо сатҳи баланди фарҳанги сиёсӣ ва донишу малака аст, ки Ватани худро самимона дӯст медорад. Дар таҳкими сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва созиш дар оила, маҳалла ва ҷомеа, дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, дар ҳимояи манфиатҳои Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ мардуми мо, мо ҳама, пеш аз ҳама ба шумо такя мекунем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар маҷлис роҳбарони фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва вакилон суханронӣ карданд. Президент фикрҳои онҳоро дастгирӣ намуда, аз вакилон даъват кард, ки боз ҳам бештар заҳмат кашанд ва ба мардум наздиктар бошанд.
– Овози депутат – овози халқ аст. Агар шумо ҳангоми баррасии ҳар як масъала, ки ба тақдири кишвар дахл дорад, пеш аз ҳама мардуми меҳнатқарин, саховатманд ва шарифамонро пеши назар дошта бошед, на танҳо дар бораи рӯзи имрӯз, балки дар бораи сулҳ ва хушбахтии наслҳои оянда фикр карда амал намоед, мардуми мо низ аз шумо розӣ хоҳанд шуд, - гуфт роҳбари давлат.
Дар натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзнома қарорҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис қабул гардиданд.