Президент дар Косон бо деҳқонон вохӯрд

  • Президент дар Косон бо деҳқонон вохӯрд
  • Президент дар Косон бо деҳқонон вохӯрд
  • Президент дар Косон бо деҳқонон вохӯрд
  • Президент дар Косон бо деҳқонон вохӯрд
  • Президент дар Косон бо деҳқонон вохӯрд
  • Президент дар Косон бо деҳқонон вохӯрд
  • Президент дар Косон бо деҳқонон вохӯрд

Президент Шавкат Мирзиёев ба хоҷагии фермерии “Косон”-и ноҳия Косон ташриф оварда, бо нашунамои ғаллаву пахта шинос шуд.

Хоҷагии дорои масоҳати 82 гектар ба парвариши ин ду зироат махсус гардонда шудааст. Соли гузашта аз ҳар гектар бештар аз 41 сентнерӣ пахта ва 70 сентнерӣ ғалла гирифта шуд. Даромад 357 миллион сӯмро ташкил дод.

Ба туфайли ин хоҷагӣ техника харида, технологияи сарфаи обро ҷорӣ кард.

— Қувваи ҳаракатдиҳандаи иқтисоди бозор чӣ ба ҳисоб меравад? Фоида. Деҳқонон бояд дар бораи зиёд кардани фоида низ фикр кунанд. Дар ҷое, ки фоида ҳаст, рушд ҳам мешавад. Барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ як қисми даромадро бояд ба илм ва технологияҳои нав равона кард, —  гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар атрофи ғаллазору пахтаи хоҷагӣ ангуру тут ва каду парвариш карда мешавад. Президент таъкид кард, ки ин таҷрибаро густариш додан, меваю сабзавотро дар қитъаҳои холӣ дар атрофи кластерҳо ва хоҷагиҳо парвариш кардан лозим аст.

Яке аз мушкилоти калонтарини кишоварзии Қашқадарё нарасидани об аст. Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани технологияи обёрии боронӣ ва қатрагӣ аз тарафи давлат дастгирӣ карда мешавад.

Дар хоҷагии фермерии «Косон» 23 гектар майдони ғалла  бо усули пошидан обёрӣ карда мешавад. Имсол боз дар 23 гектар пошидани об ва дар 30 гектар пахтазор усули обёрии қатрагӣ ҷорӣ карда мешавад. Дар натиҷа 46 ҳазор мукаабметр об ва 11 тонна нуриҳои маъданӣ сарфа карда мешавад.

Дар ин ҷо лоиҳаҳои такмил додани низоми истифодаи об низ муҳокима шуданд. Сарвари давлат зарурати ба роҳ мондани шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ бо кластерҳоро барои бо об таъмин намудани заминҳои онҳо таъкид кард.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: