Президент Шавкат Мирзиёев ба маҳаллаи Чимбой гузарии шаҳри Нуқус ташриф овард.
Бесабаб нест, ки одамон ба ин чо барои дидани шароити зиндагонӣ меоянд. Аз солҳои 2000-ум инҷониб одамон дар ин ҷо маскан мегиранд. Азбаски хонаҳо бе план сохта шуда буданд, кӯчаҳо бесарусомон шуда, қувваи электр ва оби нушокӣ намерасид.
Ҳоло дар маҳалла зиёда аз 14 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Масъалаи беҳтар гардондани инфрасохтори иҷтимоӣ ба миён меомад. Ва чанде қабл дар доираи барномаи “Маҳаллаи обод” маҳалла обод карда шуд. Кӯчаҳо таъмир карда, роҳҳои пиёдагард сохта шуданд. Трансформатор васл карда, хатҳои қувваи барқ гузаронда шуд. Ҷӯйборҳо тоза карда, дарахтон шинонда шуданд.
Дар маҳалла кор ва хизмати тиббӣ набуд. Бинобар ин корхонаи дузандагӣ бо истифода аз конструкцияҳои сабук ташкил карда шуд. Дар ин ҷо зиёда аз 300 нафар занон бо кор таъмин шуданд. Сарвари давлат бо онҳо суҳбат кард.
– Аз дидани дигаргуниҳои маҳалла, соҳиби кор шудани шумо шодам. Агар зан соҳибҳунар бошад, кайфияташ болида ва дар оила файзу баракат мешавад. Мо бояд дар ин самт корҳои зиёдро анҷом диҳем. Албатта, ин осон нахоҳад буд. Аммо мо як оилаем. Муттаҳид шуда, тамоми нақшаҳоро амалӣ карда метавонанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президент оид ба бунёди маркази маҳалла, ободонӣ ва дигар мавзеъҳои душвори шаҳр супоришҳо дод.
Сарвари давлат ҳамчунин аз маркази нави тиббӣ дидан кард. Дар ин ҷо нақшаҳои сохтмони клиникаҳои нав, ташкили кластерҳои тиббӣ дар Қароқалпоқистон баррасӣ шуданд.
Ҳашт хонаи истиқоматии кӯчаи Куктеппаи маҳалла ба хонаҳои намунавӣ табдил дода шуд. Ҳавлиҳо ба тартиб оварда, гармхонаҳо сохта шуданд. Президент дар хонаи Габит Жусупов меҳмон шуд.
– Аз дирӯз ба ноҳияҳои дурдасттарин, душвортарини Қа-роқалпоқистон сафар кардем. Ҳозир ба ман гуфтанд: маълум мешавад, ки дар Нуқус боз ҳафт маҳаллае ҳастанд, ки шароиташон бад аст. Дар ин маҳаллаҳо оид ба ободонӣ, беҳбуди вазъи роҳҳо, таъминоти обу барқ нақшаҳо тартиб додаем, – гуфт сарвари давлат.