Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 20 сентябр эътиборномаҳои сафирони фавқулодда ва мухтори дар мамлакатамон навтаъиншудаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмад Холид Элмӣ, Ҷумҳурии Ҳиндустон Сантош Ҷа, Шоҳигарии Муттаҳидаи Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тимоти Торлот, Ҷопон Ёшинори Фужияма ва Ҷумҳурии Фаронса Изабел Сервоз-Галлуччиро қабул кард.
Сарвари давлатамон сафиронро бо оғоз ёфтани фаъолияти дипломатиашон дар Ӯзбекистон муборакбод намуда, ба онҳо дар ин вазифаи шарафноку масъулиятнок муваффақиятҳо таманно намуд.
Алоҳида таъкид гардид, ки дар зинаи нави рушди Ӯзбекистон ислоҳоти васеъмиқёсе, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятиро фаро мегиранд, татбиқ мегарданд.
Пайваста Стратегияи панҷсолаи амалиёт татбиқ мегардад, ки мувофиқи он соли ҷорӣ дар мамлакатамон Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ эълон шудааст. Дар асоси технологияҳои инноватсионӣ ва муносибатҳо корхонаҳои замонавии саноатӣ ва инфрасохтор офарида шуда, дар соҳаҳои бонк, молия, андоз ислоҳоти куллӣ татбиқ мегарданд.
Ӯзбекистон сиёсати хориҷии фаъол ва амалиеро, ки аз тамоюлҳои рӯшодӣ, некҳамсоягӣ, эҳтироми тарафайн, баробарҳуқуқӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои якдигар асос меёбанд, пеш мебарад.
Дар натиҷа имрӯз ба сифати шарики байналхалқии масъул ва боэътимод имижи куллан нави мамлакатамон ташаккул ёфт.
Мустаҳкам кардани муносибатҳои дӯстӣ, риштаҳои қарини бародарӣ ва шарикии стратегӣ пеш аз ҳама бо ҳамсояҳои наздик имконияти дар Осиёи Марказӣ фароҳам овардани муҳити комилан нави сиёсиро дод.
Ҳамкорӣ бо чунин созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, мисли СММ, ИДМ, СҲШ, СҲИ фаъол гардид. Дар бораи ба Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон ҳамроҳ гардидани мамлакатамон қарор қабул шуд.
Президенти Ӯзбекистон дар нутқи худ перомуни пешомадҳои рушди минбаъдаи ҳамкории сернақша бо мамлакатҳое, ки сафирони навтаъиншудаашонро пешниҳод менамоянд, истода гузашт.
Васеъ гардидан ва таҳким ёфтани муносибатҳои дӯстӣ ва некҳамсоягӣ бо Афғонистон бо қаноатмандии амиқ қайд гардид.
Фаъол гардидани мулоқот дар дараҷаи олӣ байни ду мамлакат ба рушди муназзами муносибатҳои Ӯзбекистону Афғонистон, ки барои роҳандозии муомилоти тарафайни мол, татбиқи лоиҳаҳои бузург дар соҳаи энергетика, нақлиёт, логистика ва коммуникатсия, таълим иқтидори бузург доранд, суръат бахшид.
Сарвари давлатамон ба дараҷаи шарикии стратегии Ӯзбекистону Ҳиндустон, ки бинобар натиҷаи ташрифи давлатӣ ба Ҳиндустон моҳи октябри соли 2018 ва музокирот дар дараҷаи олӣ дар доираи Ҳамоиши «Гуҷарати муттасил-2019» моҳи январи соли ҷорӣ бо мазмуни нави амалӣ ғанӣ гардиданд, баҳои баланд дод.
Имрӯз дар соҳаи дорусозӣ, инноватсия ва технологияҳои ахбор, рушди соҳибкорӣ лоиҳаҳои муштарак амалӣ мегарданд. Аз соли таҳсили ҷорӣ дар мамлакатамон филиалҳои мактабҳои олии бонуфузи Ҳиндустон – донишгоҳҳои «Амити» ва «Шарда» дарҳои худро кушоданд.
Роҳбари давлатамон назаррас фаъол гардидани ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Бритониёи Кабирро дар дараҷаҳои гуногун бо қаноатмандӣ қайд намуд.
Дар соҳаҳои саноати нафту газ ва кимиё, иктишофи геологӣ, молия, технологияҳои инноватсионӣ, нигаҳдории тандурустӣ созишномаҳо татбиқ мегарданд. Ба шарикии дар соҳаи таълим бадастомада, аз ҷумла, бинобар дар пойтахт ва минтақаҳои мамлакатамон ташкил кардани Мактабҳои президентӣ бо иштироки донишгоҳи Кембриҷ баҳои баланд дода шуд.
Ӯзбекистон ба таҳкими минбаъда ва амиқ гардондани шарикии стратегӣ бо Ҷопон аҳамияти муҳим медиҳад.
Боло рафтани динамикаи кооператсия бо ширкатҳои ҷопонӣ ва банкҳо дар соҳаҳои гуногун, аз он ҷумла энергетика, иктишофи геологӣ, саноати автомобилӣ, нақлиёт, телекоммуникатсия, рушди инфрасохтор, илм, таълим, сайёҳӣ қайд гардид.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки вохӯриву музокирот дар дараҷаи олӣ, ки моҳи декабри соли ҷорӣ дар Ҷопон пешбинӣ шудааст, имконияти ба дараҷаи сифатан нави рушд бардоштани ҳамкории ҳамаҷонибаи ба ҳамдигар муфидро фароҳам меорад.
Сарвари давлатамон бо қаноатмандӣ қайд намуд, ки ташрифи расмӣ ба Фаронса моҳи октябри соли 2018 ба шарикии сернақшаи Ӯзбекистону Фаронса мазмуни сифатан нав бахшид.
Татбиқи амалии лоиҳаҳои истиқболнок дар соҳаҳои иктишофи геологӣ, энергетикаи офтобӣ, хоҷагии коммуналӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо шурӯъ шуданд. Аз минбаъд васеъ гардондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои маданият ва санъат, илм ва техника, нигаҳдории тандурустӣ манфиатдорӣ қайд гардид.
Дар хотимаи маросим Президент Шавкат Мирзиёев аз он изҳори боварӣ намуд, ки сафирони навтаъиншуда бо фаъолияти фаъоли дипломатиашон ба минбаъд мустаҳкам намудани равобити дӯстона, ҳамкории серқирра ва ба ҳамдигар муфид бо Ӯзбекистон ҳиссаи муносиб ҳамроҳ менамоянд.
Дар навбати худ роҳбарони ҳайатҳои дипломатӣ ба сарвари давлатамон барои пазироии гарму ҷӯшон миннатдории амиқ изҳор намуда, итминон доданд, ки барои рушди муназзам ва сермаҳсули муносибатҳои байнидавлатӣ баҳри фаровонии мамлакату халқҳоямон тамоми қувваву ғайраташонро сафарбар менамоянд.
ӮзА.