Дар шаҳри Фарғона бо иштироки сарвари давлат бинобар масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Фарғона ҷамъомад ба амал омад.
Ба туфайли ӯҳдабароӣ ва меҳнатдӯстии фарғонагиён натиҷаҳои назаррас ба даст оварда мешаванд. Аз ҷумла, дар тӯли соли охир беш аз 10 ҳазор корхонаҳои хурд созмон дода шуданд. Содирот 44 фоиз афзуда, ба 801 миллион доллар расид.
Корхонаи «Кварц»-и Қувасой аз ҳисоби сармоягузории 70 миллион доллар истеҳсоли шишаи сохтмониро бо иқтидори солонаи 22 миллион метри мураббаъ ба роҳ монд. Дар корхонаи «Глобал текстил инфинити»-и Қӯштеппа лоиҳа ба маблағи 120 миллион евро оид ба истеҳсоли маҳсулоти тайёри нассоҷӣ амалӣ мешавад. Корхона дар семоҳаи чорум ба истифода дода шуда, 3000 ҷойи нави кор фароҳам меорад.
– Мо роҳи дурустро интихоб кардем, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Дар ин ҷо ин натиҷа медиҳад. Вилояти Фарғона ба 801 миллион доллар маҳсулот содир намуд. Вақти ба кор оғоз намудан мо ҳадафи 50 миллион долларро гузошта будем. Ва ҳоло сухан дар бораи содирот ба маблағи 1 миллиард меравад. Ин маънои онро дорад, ки маҳсулоти минтақаҳо ба бозори ҷаҳонӣ ворид шуда, ба рақобат тоб меоварад. Ҳамаи ин ба шарофати муносибати оқилона, дониш, нерӯ имконпазир гардид. То охири сол дар бюҷети маҳаллӣ 1 триллион сӯм боқӣ мемонад. Аз ҳисоби ин барои мардум шароит ва барои соҳибкорӣ инфрасохтор фароҳам оварда хоҳад шуд. Мо бояд дар ин самт пеш равем.
Сарвари давлат қайд кард, ки дар вилоят бо иштироки масъулин қабулҳои сайёр баргузор гардида, аксари масъалаҳои дар онҳо матраҳшуда дар маҳалҳо ҳаллу фасл мешаванд.
– Мо пеш аз сафар ба ин ҷо қабули шаҳрвандонро ташкил кардем. 45 фоизи муроҷиатҳои аҳолӣ дар маҳал ҳал карда шуданд. Ин хуб аст, биёед ин амалиётро идома диҳем. Аммо саволе ба миён меояд: ҳокимҳо, роҳбарони секторҳо чӣ кор мекунанд? Ба чунин бемасъулиятӣ, расмиятчигии одамон бояд хотима гузошт, – гуфт Президент.
Таъкид гардид, ки барои дастгирии ташаббуси аҳолӣ, рушди ихтисоси ҳар як маҳалла, бо ҷойи кор таъмин намудани 147 ҳазор нафар дар соли ҷорӣ зиёда аз 1 триллион сӯм маблағ ҷудо карда мешавад.
– Мо нақши низоми маҳалларо дар ҳамаи соҳаҳо баланд мебардорем. Маҳалла ифодаи ақидаи мардум, иродаи мардум аст. Мо барои ин заминаи қонунӣ фароҳам овардем. Дар вилояти Фарғона 1062 маҳалла мавҷуд аст. Бояд ҳама аз ҳоким то раиси маҳалла, ташкилотҳои дахлдор муттаҳид шаванд, зиндагии мардумро беҳбуд бахшанд. Фарғона дар ин бобат бояд намуна бошад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Сарвари давлат таъкид кард, ки дар ободонии маҳаллаҳо ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ соҳибкорон такягоҳ мебошанд.
– Агар мо барои соҳибкорон шароит муҳайё кунем, онҳо ба одамон ёрӣ мерасонанд, ҷавононро пеш мебаранд. Агар мо ба соҳибкорон ғамхорӣ зоҳир кунем, онҳо ғами мардумро мехӯранд, – гуфт Президент.
Барои маблағгузории 183 лоиҳаи сармоягузории соҳибкорони вилоят иловагӣ 23 миллион доллар аз Фонди бозсозӣ ва рушд равона карда мешавад.
Дар ҷамъомад муовинони Сарвазир ва дигар масъулон аз кори сохторҳои зертобеи худ дар сатҳи поёнӣ ҳисобот доданд.
Қайд гардид, ки дар солҳои 2022-2023 дар вилоят 1 268 лоиҳаҳои саноатии сармоягузорӣ, соҳаи хидматрасонӣ ва кишоварзӣ ба маблағи 31 триллион сӯм татбиқ карда хоҳанд шуд. Дар баробари ин нақши драйвер ба корхонаҳои саноати химия, бофандагӣ, чарм, дорусозӣ, саноати масолеҳи бинокорӣ гузошта шудааст.
Дар соҳаи кишоварзӣ татбиқи 653 лоиҳа ва таъсиси 23 ҳазор ҷойи кори доимӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои Олтиариқ, Фарғона ва Бағдод ба нақша гирифта шудааст, ки 1,2 ҳазор гектар боғу токзорҳои интенсивӣ барпо намуда, ба хоҳишмандон ба муҳлати даҳсола дода шаванд
Нақшаҳои сохтмони манзил ва роҳҳо, беҳтар намудани таъминоти қувваи барқ ва об, таъмири мактабу боғчаҳои бачагон гузошта шуданд.
– Мо аз Фарғона натиҷаҳои калонро интизорем, – гуфт сарвари давлат. – Ин минтақа аз қадим бо илм, фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ машҳур буд. Фарғонагиҳо меҳнатдӯст ва кордонанд. Бояд ин иқтидор, имкониятҳои дохилиро ба манфиати халқ пурра истифода бурд.