Президент: Подоши ин кори хайр бузург хоҳад буд

  • Президент: Подоши ин кори хайр бузург хоҳад буд
  • Президент: Подоши ин кори хайр бузург хоҳад буд
  • Президент: Подоши ин кори хайр бузург хоҳад буд
  • Президент: Подоши ин кори хайр бузург хоҳад буд
  • Президент: Подоши ин кори хайр бузург хоҳад буд
  • Президент: Подоши ин кори хайр бузург хоҳад буд
  • Президент: Подоши ин кори хайр бузург хоҳад буд
  • Президент: Подоши ин кори хайр бузург хоҳад буд

Сарвари давлат бо волидоне, ки хонаҳои бачагонаи оилавӣ ташкил кардаанд, мулоқот кард.

Шавкат Мирзиёев нисбат ба роҳбарон сахтгиру серталаб ва дар баробари ин нисбат ба мардум меҳрубону ғамхор аст. Инро аз муносибати ӯ нисбат ба пиронсолон, бачаҳо, одамони ниёзманд дидан мумкин аст.

Вақте ки ӯ ҳокими вилояти Ҷиззах буд, хонаҳои Меҳрибонлик ва Мурувватро ба тартиб овард, мардум аз сафари ӯ ба мактаб-интернати кӯдакони нобино дар Самарқанд хуб дар ёд доранд.

Имрӯзҳо ин кори хайр тамоми мамлакатро фаро гирифтааст.  Президент ҳангоми сафар ба минтақаҳо вақт ёфта, аз чунин муассисаҳои иҷтимоӣ дидан мекунад.

Чанде пеш Шавкат Мирзиёев зимни боздид аз мактаб-интернати ноҳияи Олмазори Тошканд гуфт: «Хуб мешуд, ки дар кишвари мо умуман кӯдакони ятим намебуд». Мардуми мо ин ташаббуси некро дастгирӣ карданд, дар тамоми вилоятҳо хонаҳои бачагонаи оилавӣ ташкил карда мешаванд. Дар натиҷа, дар моҳҳои охир аз 16 хонаи “Меҳрибонлик” 10-тоаш баста шудааст.

Дар вилояти Қашқадарё дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда хонаҳои «Меҳрибонлик»-и рақами 5-и ноҳияи Китоб ва рақами 4-и ноҳияи Камашӣ  баста шуданд. Баъзе тарбиятгирандагон ба назди хешу табори худ баргаштанд, дигаронро ба хонаҳои бачагонаи оилавӣ бурданд.

Президент Шавкат Мирзиёев имрӯз бо оилаҳои қашқадарёии – Ҳусан Холлиев ва Гулбаҳор Ханимова, Шокир Суюнов ва Гулбаҳор Ҳамидова, Бахтиёр Тўраев ва Гулбаҳор Алланазарова, ки бачаҳоро ба фарзандӣ гирифтаанд, вохӯрд.    

– Дар назди шумо сари таъзим фуруд оварда, ташаккур мегӯям, ки сиёсати давлатамонро амалӣ мегардонед, кӯдаконро сарпаноҳ дода, ба оилаи худ қабул мекунед, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Шумо намунаи саховатмандиро нишон медиҳед, маънавиёти халки моро инъикос мекунед. Ин мушкил аст, на ҳама инро фаҳмида метавонанд. Аммо подоши ин кори хайр хеле калон мешавад. Шумо таърих меофаред, ба худ ёдгории маънавӣ месозед. Халқи мо ба чунин кори наҷиб баҳои баланд медиҳад. Президент ба кӯдакон таскин дода, муроҷиат кард.

– Ҳаёт пур аз пастиву баландӣ ва озмоишҳост. Ҳоло барои шумо вақти озмоиш аст. Аммо бовар дорам, ки шумо дар оянда барои ҳамсолонатон намуна хоҳед шуд. Бе душворӣ, бе меҳнат суботкорона муваффақият ба даст овардан ғайриимкон аст. Ман ҳам дар кӯдакиам душвориҳро дида, ба воя расидам. Шумо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлати мо хоҳед буд: мо таҳсил ва минбаъд ба мактабҳои олӣ дохил шудани шуморо назорат мекунем. Бигзор ба ҳамаи мо дидани хушбахтии шумо насиб гардад, – гуфт сарвари давлат.

Ҳамагӣ дар вилояти Қашқадарё 16 хонаи бачагонаи оилавӣ ташкил карда шуда, онҳо  98 нафар писарону духтаронро ба фарзандӣ қабул кардаанд. Президент ба ин оилаҳо миннатдорӣ баён кард.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: