Президент Шавкат Мирзиёев аз маҳаллаи «Университет» дар ноҳияи Олмазор боздид намуд

  • Президент Шавкат Мирзиёев аз маҳаллаи «Университет» дар ноҳияи Олмазор боздид намуд
  • Президент Шавкат Мирзиёев аз маҳаллаи «Университет» дар ноҳияи Олмазор боздид намуд
  • Президент Шавкат Мирзиёев аз маҳаллаи «Университет» дар ноҳияи Олмазор боздид намуд
  • Президент Шавкат Мирзиёев аз маҳаллаи «Университет» дар ноҳияи Олмазор боздид намуд
  • Президент Шавкат Мирзиёев аз маҳаллаи «Университет» дар ноҳияи Олмазор боздид намуд
  • Президент Шавкат Мирзиёев аз маҳаллаи «Университет» дар ноҳияи Олмазор боздид намуд
  • Президент Шавкат Мирзиёев аз маҳаллаи «Университет» дар ноҳияи Олмазор боздид намуд

Татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар қисмати маҳаллаҳо – талаботи асосии роҳбари давлат аст.

Дар маҳаллаи «Университет» кор ҳамин хел ташкил карда шудааст. Бинои ҷамоати шаҳрвандон ба тарзи замонавӣ таъмир гаштааст. Ҳавлиҳои биноҳо, майдончаҳои бачагон, роҳҳои дохилӣ бетонфарш буда, ба тӯли 700 метр пайроҳаи велосипед сохта шудааст.

Моҳи ноябри соли гузашта лоиҳаи миллии «Макони сабз» оғоз ёфт. Роҳбари давлат таъкид кард, ки дар баробари ниҳолшинонӣ дар маҳаллаҳо ба вуҷуд овардани кӯчаҳои токпарварӣ зарур мебошад. Бинобар ин дар маҳаллаи «Университет» дар кӯчае ба тӯли 750 метр суриҳо кашида шуда, ниҳоли ток шинонда шуданд. Дар майдонҳои назди иморатҳои бисёрошёна гулҳои мисли райҳон ва мирабилис шинонда шудааст.

Дар маҳалла беш аз 4 ҳазор нафар зиндагӣ мекунад. Намуд ва даҳлезҳои 19 иморати бисёрҳуҷра нав карда шуд. Дар ин ҷо инчунин мактаби хусусӣ барои 150 ҷой вуҷуд дорад. Ҷавонони маҳаллӣ ва занон дар беш аз 10 корхонаи хурд кор мекунанд.

Президент бо корҳое, ки дар маҳалла анҷом дода мешаванд, шинос шуд, бо фаъолон ва куҳансолон суҳбат кард.

– Пеш аз ҳама мехоҳам шуморо бо фарорасии Рамазон ва чунин симои ободу зебо гирифтани маҳаллаатон табрик намоям. Ин намунаи он аст, ки агар роҳбарон ба назди халқ омада кор кунанд,  чунин ободонӣ мешавад. Пештар ҳоким дар бораи маҳалла вақте ёд мекард, ки агар дар ӯ хоҳиш пайдо шавад. Ҳоло акнун ҳамаи низомҳо дар маҳалла ҳузур хоҳанд дошт. Чаро? Барои он ки то ҳар як оила, ҳар як одам расидагӣ карда шавад. Ман мехоҳам, ки ин кор дар тамоми маҳаллаҳо тезонда шавад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Соли гузашта 579 маҳаллаи Тошканд 2 миллиард сӯмӣ маблағ гирифтанд. Имсол ба ҳар яки онҳо боз 1 миллиард сӯмӣ ҷудо карда мешавад.

Роҳбари давлат инчунин бо фаъолияти идораи ширкати хидматрасонии «Олмазор холдинг гранд», ки дар маҳалла фаъолият мекунад, шинос гардид.

Мисли дигар ҷойҳо, дар маҳаллаи «Университет» мушкилоти хидмати коммуналӣ вуҷуд дошт.

19 июни соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарорро «Дар бораи минбаъд такмил додани низоми идораи биноҳои бисёрҳуҷра» имзо кард. Ба шарофати имконоти нав ширкати «Олмазор холдинг гранд» таъсис ёфт, ки дар бинои дуошёнаи он шароити муносиб фароҳам оварда шудааст.

Ширкат ба 103 иморати бисёрҳуҷра ва 7 маҳалла хидмат мерасонад. Пеш ба ин биноҳо 27 ширкат хидмат мерасонд. Онҳо, ғайр аз директор, мутахассиси худ ва ҳамчунин таҷҳизоти махсус надоштанд. Ҳоло ҳозир дар ширкати хидматрасонӣ 70 ҷойи кори доимӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Техникаи махсус харид гаштааст. Дар бинои ширкат инчунин маркази таълими хидмати коммуналӣ кушода шудааст.

Ширкат соҳиби низоми биллинг мебошад. Барои қулаии аҳолӣ иловаи мобилии «Хонаи ман» роҳандозӣ гаштааст.

Ғайр аз ин дар бинои маъмурии ширкат, инчунин дар зербиноҳои иморатҳои бисёрошёна қариб 30 нуқтаи хидмати маишӣ ташкил карда шудааст. Президент бо кори онҳо шинос гардид.

Инчунин тақдимоти роҳбарони ширкатҳои хидматрасонӣ ба вуқӯъ пайваст, ки онҳо дар ноҳияҳои Тошканд ташкил карда мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: