Президент Шавкат Мирзиёев ба Бишкек омад

  • Президент Шавкат Мирзиёев ба Бишкек омад

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамроҳи ҳамсараш бо сафари давлатӣ ба Бишкек омад.

Дар фурудгоҳи байналмилалии «Манас», ки бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфтааст, меҳмонони олиро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва ҳамсараш пешвоз гирифтанд.

Дар ин ҷо ба сарони давлатҳо баромадҳои фолклорӣ ва мусиқӣ намоиш дода шуданд, ки дӯстии халқҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистонро тараннум мекунанд.

Сипас Президенти кишварамон бо ҳамроҳии Сарвазири Қирғизистон Оқилбек Жапаров аз маҷмааи миллии таърихию ёдгории «Ата-Бейит» боздид кард.

Сарвари давлатамон ба пояи ёдгории “Уркун” ба хотираи онҳое, ки дар ҳодисаҳои фоҷиабори соли 1916 фавтидаанд, гулчанбар гузошт. Маҷмааи мазкур, ки соли 2000 ифтитоҳ ёфтааст, бо мақсади барқарор ва нигоҳ доштани хотираи таърихии марҳилаҳои муҳимтарини рушди давлатдории Қирғизистон таъсис дода шудааст. Ёдгорӣ бо пешниҳоди нависандаи барҷастаи қирғиз Чингиз Айтматов "Ота-Бейит" - "Қабри падарон" номида шудааст.

Чорабиниҳои асосии сафари давлатӣ фардо, 27 январ ба нақша гирифта шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: