Президент Шавкат Мирзиёев ба Боку омад

  • Президент Шавкат Мирзиёев ба Боку омад

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев 1 март бо сафари корӣ ба шаҳри Боку омад.

Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ҳайдар Алиев сарвари давлати моро муовини якуми Сарвазири Озарбойҷон Яъқуб Эюбов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Имрӯз сарони Ӯзбекистон ва Озарбойҷон мулоқот анҷом медиҳанд ва дар ҷараёни он раҳбарон масъалаҳои иҷрои амалии тавофуқҳои қаблан ҳосилшударо баррасӣ мекунанд.

Пагоҳ, 2 март дар Боку нишасти сарони яке аз бузургтарин сохторҳои байналмилалӣ - Ҷунбиши кишварҳои бетараф баргузор мешавад. Дар иҷлосияи умумии чорабиниҳо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон нутқ эрод мекунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: