Президент Шавкат Мирзиёев 31 октябр ба вилояти Навоӣ рафт.
Вилояти Навоӣ минтақаи иқтидори саноатиаш бузург. Солҳои охир он аз ҳисоби имкониятҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ боз ҳам афзоиш ёфт.
Дар ҷараёни сафар сарвари давлат бо лоиҳаҳои бузурги саноатӣ, фаъолияти корхонаву муассисаҳои нави таълимӣ шинос мешавад.
Дар рӯзи дуюми сафар роҳандозии лоиҳаҳои нав ва баргузор намудани мулоқот оид ба рушди минбаъдаи минтақа дар назар аст.