ПРЕЗИДЕНТ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ҚАДАМҲОИ ҶАСУРОНА ВА ОҚИЛОНА МЕГУЗОРАД ЧУНИН АСТ ФИКРИ НИДЕРЛАНДИҲО

Дигаргунсозиҳои иқтисодии Ӯзбекистон таваҷҷӯҳи торафт бештари намояндагони доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷиро, ки ғояи рушди фаъоли ҳамкориро бо ҷумҳурии мо дастгирӣ месозанд, ҷалб менамояд.

Тоҷирони ҳуландӣ ҳамин тавр дар мусоҳибаашон бо ОИ «Дунё» ба ислоҳот дар Ӯзбекистон ва сиёсати барои ҳамкориҳои амалӣ, сармоявӣ ва технологӣ кушоди роҳбари мамлакат баҳои баланд доданд.
Идоракунанда-мушовири ширкати Capgemini Корнелиус Ладаж:
– Ман рушди Ӯзбекистонро хеле вақт инҷониб назорат мекунам, бо таваҷҷӯҳи бузург бо муроҷиатномаи роҳбари давлат ба парлумони миллӣ шинос шудам.
Ман муҳимияти дар амал ҷорӣ сохтани технологияи нав, аз ҷумла, «Блокчейна»-ро, ки имкониятҳои истеҳсолии навро назди ширкатҳои ӯзбекистонӣ мекушояд ва қисми ҷудонопазири соҳаи хидматрасонӣ шуда метавонад, дастгирӣ месозам. 
Ба фикрам, ин қадами оқилона ва қатъии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки хуб дарк менамояд, ки мақсади асосии коркард ва татбиқи технологияи нав, ин дар навбати аввал, васеъ гардондани имконият ба тиҷорат мебошад.
Директори генералии ширкати нидерландии Livingstone Ventures Стеф Шреудер:
– Ширкати мо ба дастрасгардонии гармхонаҳои баландтехнологӣ ва омӯзиши тахассуси истифодабарии он дар тамоми дунё хидмат мекунад. Доираи ҷуғрофии ҳамкоронамон хеле васеъ буда, мо аз Чин сар карда то Амрикои Ҷанубӣ, аз кишварҳои скандинавӣ то Африқо лоиҳаҳо татбиқ менамоем.
Мо барои афзун гардондани миқдори ҷойҳои корӣ ва пешрафти минтақаҳое, ки ҳамкорӣ дорем, кӯмак мерасонем. Яке аз принсипҳои асосии фаъолияти мо – истеҳсоли баландсифати маҳсулот бо сарфаи об ва истифодаи ночизи пеститсидҳо мебошад.
Тавре дарк кардам, ниятҳоямон бо мақсадҳое, ки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар муроҷиаташ ба парлумони мамлакат ифода ёфтанд, ҳамоҳанг мебошанд.
Дар ин бобат мо метавонем ҳамкории самарабахш ба роҳ монем ва  ба беҳтар гардондани сифати меваю сабзавоте, ки дар Ӯзбекистон парвариш меёбанд, ҳиссаи худро ҳамроҳ намоем, ки содироти онҳо иқтидори содиротиро мустаҳкам карда, воридшавии асъорро таъмин намояд.
Мо таҳти ҳамкорӣ бо фермерони ӯзбекистонӣ фаъолият мебарем, маҳсулоташонро мекорем, барои дар хориҷ харидор пайдо карданашон кӯмак месозем. Мо бар онем, ки ин гуна ҳамкориҳо дар иқтисодиёти мамлакат аҳамияти калонро моликанд.

ОИ «Дунё»,
АМСТЕРДАМ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: