Президент Шавкат Мирзиёев иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонро аёдат кард.
Аввал сарвари давлат ба хонаи Аббос ота Аппанов, ки дар ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд зиндагӣ мекунад, ташриф овард.
Аббос ота соли 1924 дар Тошканд таваллуд ёфтааст. Моҳи феврали соли 1942 ба ҷанг рафта, дар муҳорибаҳои шадид барои Смоленск, баъд дар Белоруссия, Полша ва Германия иштирок кард. Дар соли 1946 аз ҷанг баргашта, дар мактаби миёнаи маҳаллаи Ачаобод аз забони немисӣ ва англисӣ сабақ дод, инчунин барои синфҳои ибтидоӣ китоби дарсии забони немисиро навист.
Хидматҳои Аббос ота муносиб қадр карда шуданд, вай бо бисёр мукофотҳои давлатӣ мукофотонида шуд.
– Ман омадам, то ки шуморо бинам, бо шумо самимона суҳбат карда, сиҳатӣ таманно намоям. Пеш аз ҳама шумо ва дар шахси шумо ҳамаи иштироккунандагони ҷанг, халқи моро бо ин ид муборакбод мекунам. Таманно дорам, ки минбаъд низ саломатии бардавом дошта, чароғи мо ва барои ҷавонон намунаи ибрат бошед, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
– Бо лутфи Худованди мутаъол, ба шарофати ғамхорӣ ва меҳрубонии давлатамон мо ба чунин синну сол расидем. Ва таманно дорам, ки Офаридгор ба шумо дар кори хайратон ба манфиати халқи мо қувваю комёбӣ ато кунад. Барои таваҷҷуҳатон ташаккур, – гуфт Аббос ота.
– Шумо сазовори чунин эҳтиром ҳастед, – гуфт Президент. – Гиромӣ доштани бузургсолон арзиши бузурги мост. Мо ин корро давом медиҳем. Бигузор ҷавонони мо аз ин ибрат гиранд.
Фарзандони собиқадор аллакай нафақахӯр буда, вай соҳиби 21 набера, 55 абера ва 7 чабера мебошад.
Сарвари давлат аз хонаи Фёдор Федин, ки дар ноҳияи Яшнобод зиндагӣ мекунад, дидан кард.
Федор Семенович соли 1927 дар кишвари Мордовияи Россия таваллуд ёфтааст. Соли 1944 ӯро ба сафи армия даъват карданд ва дар ин муддат алоқачӣ ва инструктор шуда хидмат кард. Дар муҳорибаҳои назди Минск иштирок кард. Баъди ҷанг чанд сол дар Чин хизмат кард. Соли 1949 ба Тошкент омада, дар заводи самолётсозӣ ба кор шурӯъ намуд. Вай бисёр мукофотҳои меҳнатӣ дорад. Ӯ бо занаш ду духтарро ба воя расонд.
Президент аз аҳволи саломатӣ ва шароити зисту зиндагонии ин собиқадор пурсон шуд. Барои саҳмаш ба ин рӯзҳои осоиштаи имрӯза ва меҳнати сермаҳсули бисёрсолааш арзи сипос намуд. Сарвари давлат инчунин ба хонаи Акмал ота Акромов, ки дар ноҳияи Мирзо Улуғбек зиндагӣ мекунад, ташриф овард.
Акмал ота соли 1924 дар Тошканд таваллуд ёфтааст. Соли 1941 пас аз хатми мактаб ба заводи машинасозӣ ба кор омад. Аз соли 1942 дар фронт ҷангид, сахт ярадор шуд.
Собиқадор аз ҷанг баргашта, дар соҳаи савдо ва саноати хӯрокворӣ кор кард. Дар замони ба нафақа баромадан ба Ҷамъияти собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Тошканд, шуъбаи шаҳрии фонди «Нуроний» роҳбарӣ мекард.
– Шумо роҳи пуршарафро тай кардед – дар чанг иштирок кардед, қаҳрамонӣ нишон додед, баъд аз ҷанг пурсамар меҳнат кардед, наберагонро ба воя расондед ва то ин синну соли пуршараф умр ба cap бурдед. Ҳаёти шумо, ҳар як сухани шумо барои мо мактаб аст. Ба шумо сиҳатии мустаҳкам, умри дароз металабам, – гуфт Шавкат Мирзиёев,
Акмал ота аз номи тамоми собиқадорони ҷанг ба сарвари давлатамон орзуҳои самимӣ баён кард.