Президент таъкид кард, ки дар рушди таълиму тарбия бояд ба мероси илмии ниёгон такя кард

  • Президент таъкид кард, ки дар рушди таълиму тарбия бояд ба мероси илмии ниёгон такя кард

Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Бухоро омада, мақбараи Баҳоуддин Нақшбандро зиёрат кард.

Барои шод гардондани рӯҳи гузаштагон аз Қуръон сураҳо қироат карда, аз даргоҳи Худованд ба кишварамон тинҷӣ ва шукуфоӣ хоста, дуо хонда шуд.

– Мо кӯшиш менамоем, ки ба тамоми вилоятҳо сафар кунем, ба рушди соҳа такон бахшем, мушкилотро ҳал кунем ва кореро анҷом диҳем, то ки мардум қаноатманд бошанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Мо имрӯз ба Бухоро омадем, то ки мақсадҳои нав ба нав гузорем, дараҷаи некуаҳволии мардумро баланд бардорем. Бигзор Худованди Мутаъол дар ҳама корҳоямон мададгор бошад.

Дар сӯҳбат бо раҳбарони дин ба зарурати рушди таълими динӣ ва мубориза бо ҷаҳолат бо ёрии маърифат таъкид шуд.

– Солҳои охир дар соҳаи дин чун дар ҳама соҳаҳо фазои ошкорбаёнӣ ва озодӣ ба вуҷуд омад, мо чандин марказҳои илмӣ ташкил кардем. Аммо аз ин ба мардуми мо чӣ суд? Барои он ки мардуми мо нафъ бинад, ҷомеа бояд аз ин салоҳият огоҳ бошад. Бо такя ба мероси бобоёни бузургамон, аз қабили Бухорӣ, Мотуридӣ, Марғинонӣ, бар зидди ҷаҳолат бояд бо маърифат мубориза бурд. Барои ин бояд таълими диниро ба амалиёт пайваст, марказҳои илмиамонро ба пешвоёни ҷаҳонӣ табдил дод, – гуфт Сарвари давлат.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: