Президент: Таъмини соҳибихтиёрии давлатӣ, дахлнопазирии сарҳад ва якпорчагии арзии Ӯзбекистон – қарзи муқаддаси мо дар назди таърих ва наслҳои оянда

  • Президент: Таъмини соҳибихтиёрии давлатӣ, дахлнопазирии сарҳад ва якпорчагии арзии Ӯзбекистон – қарзи муқаддаси мо дар назди таърих ва наслҳои оянда

Дар Маркази миллии идораи мудофиа зери раисии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёев ҷамъомади васеи Шӯрои бехатарӣ ба вуқӯъ пайваст.

Дар он аъзои Шӯрои бехатарӣ, ҳайати қумондонии Қувваҳои Мусаллаҳ, роҳбарони секторҳои ҳарбиву маъмурӣ, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ширкат намуданд.

Дар ҷамъомад корҳое, ки дар соли 2023 ҷиҳати мустаҳкам намудани иқтидори мудофиа ва бехатарии мамлакатамон анҷом дода шудаанд, таҳлил гардиданд.

Таъкид шуд, ки соли гузашта такомули низоми идораи Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодагӣ ва тарбияи маънавии қӯшунҳо, муҷаҳҳазсозии қисмҳо бо силоҳи замонавӣ ва техникаи ҳарбӣ идома дода шуд.

Низомҳои иттилоотиву коммуникатсионии тамоми ниҳодҳои қудратӣ муттасил ба ҷараёни идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ вобаста карда мешаванд. Чорабиниҳо оид ба такмили низоми ҳифз ва ҳимояи Сарҳади давлатӣ, таъмини бехатарии ҷамъиятӣ мунтазам татбиқ мегардад. Таҷрибаи мусбати артишҳои хориҷӣ ба мақомоти идораи Қувваҳои Мусаллаҳ ва низоми омодагии муштараки қӯшунҳо татбиқ карда мешавад.

Татбиқи принсипи «Халқ ва армия – ягона» натиҷа мебахшад. Дар натиҷаи кори босамари секторҳои ҳарбиву маъмурӣ инфрасохтори шаҳракҳои ҳарбӣ комилан нав карда шуда, полигонҳои нав сохта шуданд.

Инчунин ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии хидматчиёни ҳарбӣ пурзӯр карда шуд. Соли гузашта беш аз 3 ҳазор оилаи ҳарбиён бо манзил таъмин гардиданд. Бо мақсади рағбатноксозии занони ҳарбӣ нишони «Тумарис» таъсис дода шуд. Фарзандони ҳарбиён ба муассисаҳои таълими олӣ бо имтиёз дохил гардиданд, ҳамсарони хидматчиёни ҳарбӣ ва нафақагирони ҳарбӣ бо кор таъмин гардиданд.

Дар ҷамъомад инчунин масъалаҳои муҳими соҳа баррасӣ гардиданд.

Дар шароити шадиди имрӯзаи геосиёсии муқовиматҳо мушкилот дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, бехатарии иттилоотӣ ва ғайра тезутунд мегардад. Вазъияти мураккаби байналхалқӣ, афзудани таҳдид ва хатарҳо ба бехатарӣ дар Осиёи Марказӣ низ ба мушоҳида мерасад.

– Мо бояд ҳамаи ин вазъиятро ба инобат бигирем, то ки сарвати муҳимтаринамон – ҳаёти осударо ҳифз кунем, фараҳмандии халқамонро таъмин намоем ва нақшаҳои ояндаамонро муайян созем, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Дар ҳар гуна вазъият мо соҳибихтиёрии давлатӣ, дахлнопазирии сарҳад ва якпорчагии арзи Ӯзбекистонро таъмин намоем. Ин қарз ва вазифаи муқаддаси мо дар назди таърих ва наслҳои оянда аст.

Бинобар ин вазифаҳои афзалиятноки зерин муайян карда шуданд.

Таъкид шуд, ки пеш аз ҳама бояд рақамисозии Қувваҳои Мусаллаҳро тезонд, тамоми захираҳои иттилоотии вазорат ва идораҳои соҳаро ба фазои ягонаи иттилоотии ҳифзгардида муттаҳид намуд.

Дар бобати такомули барномаи таълими ҳарбӣ бо назардошти таҷрибаи пешқадам, баланд бардоштани малакаи омӯзгорон, ба вуҷуд овардани Мактаби муҳандисони ҳарбӣ супоришҳо дода шуд.

Вазифа гузошта шуд, ки низоми ташкили омодагии сафарбарсозӣ  ва муҳофизати ҳудудии мамлакат куллан таҷдиди назар гардад. Ба ногузирии такомули сабақи таркиби қумондонӣ оид ба идораи қӯшунҳо ва корбурди воситаҳо ишора гардид.

Дар заминаи пурзӯрсозии омодагии рӯҳиву ахлоқӣ ва ҷангии хидматчиёни ҳарбӣ, тарбияи ҳисси ватанпарварӣ дар ҷавонон тавсияҳо дода шуд.

– Мо набояд аз берун қувва биҷӯем. Мо таърихи пуршараф, мероси ғании илмӣ ва мадании худро дорем, онҳо ва ҳамчунин ҳаёт ва фаъолияти ниёгонамон бароямон намунаи ҳақиқӣ ба шумор меравад, –  гуфт роҳбари давлат.

Таҳлили низоъҳои ҳарбии молики хусусияти гибридии ҷаҳон баланд бардоштани имконоти ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳамонро тақозо дорад. Аз ин рӯ, аҳамияти таъмини армияи миллӣ бо техникаи замонавӣ, аз он ҷумла тараққиёти авиатсияи ҳарбӣ ва низоми ҳимояи зиддиҳавоӣ таъкид гардид.

Масъалаҳои ҳимояи  иҷтимоии хидматчиёни ҳарбӣ ва аъзои хонаводаи онҳо ба миён гузошта шуд. Доир ба сохтмони иморатҳои бисёрҳуҷра дар асоси ипотека, ба тартиб андохтани таъмини нафақаи хидматчиёни ҳарбӣ, беҳсозии шароити муассисаҳои ҳарбию табобатӣ супоришҳо дода шуд.

Дар ҷамъомад аъзои Шӯрои бехатарӣ, роҳбарони секторҳои ҳарбиву маъмурӣ баромад карданд. Чорабиниҳо доир ба минбаъд мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакатамон муайян гардиданд.

Дар хотимаи нутқи худ Президент тамоми хидматчиёни ҳарбӣ ва халқи мамлакатро ба муносибати 31-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан табрик намуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: