Президент: “Ҳамватанони меҳнатдӯсту фидокорро одамони наздиктарин, ҳамсафони содиқи худ медонам”

  • Президент: “Ҳамватанони меҳнатдӯсту фидокорро одамони наздиктарин, ҳамсафони содиқи худ медонам”

Тибқи фармонҳои Президент Шавкат Мирзиёев ба муносибати сию се солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон намояндагони соҳаҳои гуногун бо унвонҳои фахрӣ, ордену медалҳо сарфароз гардонида шуданд.

Маросими супурдани ҷоиза рӯзи 30 август дар қароргоҳи Кӯксарой баргузор шуд.

Шавкат Мирзиёев ҳамаро бо Рӯзи истиқлолият, ҷамъомадагонро бо мукофотҳои олии давлатӣ табрик кард. Вай аҳамияти натиҷаҳои дар мамлакат ба даст овардашударо зикр сохта, муҳимияти ҷидду ҷаҳдеро, ки ба ин муваффақиятҳо оварда расонд, қайд намуд.

– Мо баҳри чӣ кор мекунем? Пеш аз ҳама баҳри бахту саодати фарзандонамон, то ки халқи мо дар сулҳу осоиш, озодӣ ва беҳбудӣ зиндагӣ кунад. Мо баҳри шаъну шарафи инсон ҳаракатеро оғоз намудем. Ин ташаббусу мақсадҳои калонро дар маҳалҳо кӣ амалӣ мегардонад? Шумо барин одамони фидокор, ватандӯсту тавоно! Шумо қаҳрамон, ибрат барои ҷавонони мо ҳастед. Ман бо шумо фахр мекунам ва аз номи халқи мо ба шумо ташаккур мегӯям, – гуфт Президент.

Ин саъю кӯшиш самара дода истодааст: симои шаҳру деҳаҳо, тамоми соҳаю ҷабҳаҳо ба куллӣ тағйир меёбад. Дар иқтисодиёт, сохтмон, маориф, нигаҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ корҳои калон давом доранд. Натиҷаи ин дигаргуниҳоро одамон дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ мебинанд.

Аҳли ҷаҳон эътироф мекунад, ки мамлакати мо ба роҳи тараққиёт дохил шудааст. Бо ташаббуси Ўзбекистон якчанд резолютсияҳои Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шуданд.Ташаббусҳое, ки дар форумҳои калони сиёсӣ ва иқтисодӣ ба миён гузошта шудаанд, аз тарафи аҳли ҷамъияти ҷаҳон дастгирии васеъ пайдо карданд.

Бо кишварҳои хориҷи дуру наздик дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сайёҳӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ созишномаҳои судманд ба имзо расидаанд. Дар Ӯзбекистон конфронсҳои бонуфузи байналмилалӣ баргузор шуданд. Фестивалҳои санъат ва маданият, инчунин ғалабаи таърихӣ дар Бозиҳои олимпӣ ба таври васеъ эътироф карда шуданд.

Ҳамин тариқ, мо ҳамчун миллати созандаву саховатманд ба арсаи ҷаҳонӣ баромадем. Сарвари давлат таъкид кард, ки ҳамаи ин дастоварди халқи мост.

– Ҳамватанони меҳнатдӯсту фидокорро одамони наздиктарин, ҳамсафони содиқи худ медонам, таъкид намуд Шавкат Мирзиёев. – Имрӯз Ватани мо махсусан ба одамоне ниёз дорад, ки худро сарнавишти кишвару халқ ҳамтақдир медонанд, ба одамоне ниёз доранд, ки метавонанд дигарон, бахусус ҷавононро барои ба фардо бовар кардан ва муттаҳид сохтани ҷомеа илҳом бахшанд. Эътимоди мардум, ваҳдату ризоият дар расидан ба ҳадафҳои мо нақши ҳалкунанда дорад.

Дар мулоқот вазъияти ҳозираи ҷаҳон ва душвориҳои ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли ҳаматарафа дар шароити воқеияти зуд тағйирёбанда муҳокима карда шуд. Рақобати афзояндаи умумиҷаҳонӣ ва мубориза барои оянда дар назди кишварҳо ва халқҳо вазифаҳои нав мегузорад. Танҳо миллате, ки ба ин чолишҳо омода аст, метавонад давлати худро ба ҷойгоҳи шоиста боло барад.

Ӯзбекистон дар ҷаҳони имрӯза чӣ ҷойгоҳро ишғол мекунад? Оё мо бо меҳнат ва муносибати худ ба дигаргуниҳои ба амаломада ҳаёти мамлакат ва халқамонро осон гардонда метавонем? Ин саволҳо бояд ҳамаи моро ба ташвиш оваранд.

Истиқлолият ба мо худшиносии ҳақиқӣ бахшид ва шаъну шараф ва ифтихорро барқарор кард. Вале истиклолият, пеш аз ҳама, масъулият аст: масъулият барои худмуайянкунӣ, бунёди Ватани ободу озод.

Муваффақиятҳои имрӯза барои мо ҳадду канор нестанд. Халқи мо сазовори зиндагии беҳтар ва ба корҳои бузург қодир аст. Изҳори боварӣ карда шуд: агар ҳамаи мо муттаҳид шавем, якҷчя кор кунем, ӯҳдадориҳои худро софдилона ба ҷо оварем ва дар ислоҳот фаъолона иштирок кунем, ба мақсадҳо мерасем.

Президент инчунин ҳамватанонро, ки дар минтақаҳо ҷоиза мегиранд, табрик гуфт.

– Мукофот чӣ маъно дорад? Пеш аз ҳама, ин эътирофи баланди хидматҳои инсон аст. Вақте меҳнати инсон аз ҷониби давлат ва ҷомеа эҳтирому эътироф пайдо мекунад, ин на танҳо ба ў, балки оила, наздикон, ҳамкорон ва тамоми кишвар шодӣ мебахшад. Вазифаи мо аз он иборат аст, ки ба қадри нафароне, ки ҳалол ва пурсамар меҳнат мекунанд, расем, – таъкид дошт Сарвари давлат.

Баъд аз ин маросими ботантанаи супоридани унвонҳои фахрӣ, ордену медалҳо баргузор гардид.

– Одами меҳнатдӯст ҳамеша баҳои сазовор мегирад. Имрӯз мо меҳнати ҳалол, фидокорона ва ватандӯстиро шарафманд мегардонем. Бигузор ин унвонҳо ва мукофотҳои олӣ шуморо ба корнамоиҳои нав рӯҳбаланд гардонанд. Дар кишварамон ин гуна одамон ҳарчӣ бештар бошанд,  дар ман хоҳиши бештар мукофотонидани онҳо пайдо мешавад, – гуфт Шавкат Мирзиёев. Мукофотонидашудагон барои эътибор миннатдорӣ баён карда, ба ҳамаи шаҳрвандони мамлакатамон муваффақият орзу карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: