ПРЕЗИДЕНТ ЗАРУРАТИ ПУРРА РИОЯ НАМУДАН БА ҚОИДАҲОИ КАРАНТИНРО ТАЪКИД НАМУД

Президент Шавкат Мирзиёев қабл аз оғози ҷамъомади видеоселекторӣ 7 май алоҳида ба корҳое, ки дар мамлакати мо дар самти мубориза бо пандемияи коронавирус анҷом дода мешавад, таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.

Президент Шавкат Мирзиёев қабл аз оғози ҷамъомади видеоселекторӣ 7 май алоҳида ба корҳое, ки дар мамлакати мо дар самти мубориза бо пандемияи коронавирус анҷом дода мешавад, таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.
– Вақтҳои охир дар саросари ҷаҳон ҳар рӯз 90-100 ҳазор нафар ба ин вирус мубтало мешаванд. То имрӯз шумораи умумии беморон қариб 4 миллион нафарро ташкил додааст. Мутаассифона, 265 ҳазор нафари онҳо вафот карданд.
Тибқи маълумоти охирин, дар Ӯзбекистон то имрӯз 72 фоизи мубталошудагон шифо ёфтаанд. Дар ҳоли ҳозир 635 бемор дар беморхонаҳо табобат мегиранд. 45 ҳазор шаҳрвандони мо, ки аз хориҷа баргаштанд ё бо беморон дар робита буданд, ба карантин гирифта шуданд.
Бо саъю кӯшиши бузург, бо дастгирии халқамон, ба туфайли фаҳмиш ва сабру таҳаммули онҳо мо ин пандемияро дар Ӯзбекистон боздошта тавонистем. Аммо мо ҳанӯз ҳам бояд ҳушёр ва эҳтиёт бошем, бояд қоидаҳои карантинро пурра риоя кунем. То даме ки ин таҳдид дар тамоми ҷаҳон пурра аз байн бардошта нашавад, мо ба ором будан ҳақ надорем.
Бо назардошти мӯътадил гардидани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар  мо тадриҷан ба суст гардондани талаботи карантинӣ шурӯъ кардем, то ки иқтисодиётро дар минтақаҳои аз вирус безарар гардонидашуда аз нав ба роҳ монем ва одамонро бо даромад таъмин кунем. Дар ин бобат мо инчунин муроҷиатҳои зиёди аҳолии дар худҷудосозӣ қарордоштаро ба хотири беҳтар кардани шароити зиндагӣ ба инобат гирифтем.
Мувофиқи супоришоти дар ҷамъомади видеоселектории охирин додашуда Комиссияи ҷумҳуриявӣ қарор қабул намуд, ки аз 8 май дар вилоятҳои Навоӣ, Ҷиззах ва Қашқадарё, ки дар он ҷо сироят муайян карда нашудааст ё беморон пурра сиҳат шуданд,  дараҷаи "сабз";  дар вилоятҳои Сурхондарё, Хоразм ва шаҳри Тошканд, ки вирус дар давоми 14 рӯзи охир ошкор карда нашудааст, аммо беморони табобатшаванда ҳастанд,  дараҷаи "зард"; дар тамоми минтақаҳои дигар, ки  сироятшавӣ идома дорад, дараҷаи карантини "сурх" амал мекунад.
Ғайр аз он, вобаста аз дараҷаҳои ба минтақаҳо додашуда намудҳои хидматҳои иҷозатдодашуда дақиқ ва возеҳ муайян карда шудаанд. Албатта, дар минтақаҳои “сабз” хидматҳои бештар, дар “зард” камтар, дар минтақаҳои “сурх” рӯйхати маҳдуди хидматҳо пешниҳод карда мешаванд.
Такрор мекунам, мо набояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш созем, ки дар ҷаҳон, хусусан дар кишварҳое, ки мо бо онҳо зич ҳамкорӣ мекунем, пандемия ба суръат афзоиш меёбад ва ин вазъ барои мо хатари бузурге ба бор оварда метавонад. Аз ин рӯ, ҳамаи мо бояд ҳушёриро пурзӯр гардонем. Аз ин рӯ, маҳдудиятҳои вобаста ба мубориза бо вирус бояд ҳам дар корхонаҳое, ки фаъолияти худро тамоман қатъ накардаанд ва ҳам дар он ҷойҳое, ки ба онҳо иҷозати кор дода шудааст, қатъиян риоя карда шавад.
Такрор мекунам: ҳар яки мо бояд ба қоидаҳои карантин, санитария ва гигиена қатъиян риоя кунем ва дар хотир дошта бошем, ки мо барои саломатии худ, наздикон ва мардуми худ масъулем.
Ҳамзамон, бояд дар назар дошт, ки дар минтақаҳои «зард» ва «сурх» ноҳияҳое ҳастанд, ки ягон ҳодисаи сироятёбӣ ба назар нарасидааст. Айнан ҳамин тариқ, агар фардо дар ягон ноҳияи минтақаи дараҷаи "сабз" беморӣ ошкор шавад, ба тағйир додани дараҷаи тамоми минтақа зарурат вуҷуд надорад, гуфт Президент.
Ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ супориш дода шуд, ки таснифи ноҳия ва шаҳрҳоро аз рӯи дараҷаҳои  карантин гузаронад.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: