Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 3 апрел мушовири Президенти Фаронса Изабел Дюмонро пазируфт.
Масъалаҳои татбиқи амалии созишномаҳо дар сатҳи олӣ ва дурнамои густариши шарикии ҳамаҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуданд.
Меҳмони олиқадр саломи самимӣ ва паёми хаттии Президенти Фаронса Эммануэл Макронро ба сарвари давлатамон расонд.
Дар вохӯрӣ аҳамияти идомаи робитаҳои фаъоли сиёсӣ, афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила, пешбурди лоиҳаҳои бузурги ҳамкорӣ бо ширкату бонкҳои бонуфузи Фаронса дар соҳаҳои энергетикаи сабз, бахши истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, саноати нассоҷӣ, модернизатсияи низоми таъминоти об, инфрасохтори нақлиёт ва туризм алоҳида қайд гардид.
Ба бомуваффақият баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ ва намоишгоҳҳо дар осорхонаи Лувр ва Институти ҷаҳони араб дар Париж баҳои баланд дода шуд. Масъалаҳои вусъат додани омӯзиши забони франсузӣ дар мактабҳои Ӯзбекистон низ баррасӣ шуданд.
Доир ба ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ табодули афкор сурат гирифт.