Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ташрифи амалӣ ба Федератсияи Русия омад.
Дар фурудгоҳи «Внуково»-и Маскав Сарвари давлати моро муовини Раиси Ҳукумат, вазири саноат ва савдои Русия Денис Мантуров ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Фардо Президенти кишварамон дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ширкат хоҳад кард.