Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба шаҳри Чӯлпонота омад.
Сарвари давлати моро дар фурудгоҳ Раиси Девони Вазирон – Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Оқилбек Жапаров ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Тавре қаблан хабар дода шуда буд, фардо, 21 июл, дар шаҳри Чӯлпонота Мулоқоти чоруми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.
Дар ин ҳамоиш масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷорат, нақлиёт ва логистика, ҳамкориҳои саноатӣ, инноватсия, амнияти озуқаворӣ, сайёҳӣ, табодули фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо баррасӣ мешаванд. Ҳамчунин доир ба масъалаҳои таъмини субот ва рушди устувор дар минтақа табодули афкор сурат мегирад.
Имзои як қатор санадҳо дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки ташаббуси баргузории Мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев соли 2017 дар ҷаласаи 72-юми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба миён гузошта шуда буд.
Нахустин ҳамоиши раҳбарони минтақа моҳи марти соли 2018 дар Нур-Султон, дуввумӣ – моҳи ноябри соли 2019 дар Тошканд, нишасти сеюм – моҳи августи соли гузашта дар Минтақаи миллии сайёҳии "Аваза"-и Туркманистон баргузор шуда буд.