Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 6 июн дар доираи барномаи сафари давлатӣ ба шаҳри Анқара бо фаъолияти ширкати «Turkish Aerospace Industries Inc.» шинос шуд.
Сарвари давлатамон бо намунаҳои маҳсулоти истеҳсолшуда, раванди истеҳсолот ва натиҷаҳои ҳамкориҳои илмии корхона бо кишварҳои хориҷӣ шинос шуд.
Ин ширкат, ки дар соли 1984 таъсис ёфтаааст, маркази пешрафтаи технологии Туркия дар соҳаи тарҳрезӣ, таҳия, навсозӣ, истеҳсол ва ҳамгироии системаҳои кайҳонӣ аз платформаҳои ҳавоӣ бо болҳои собит ва вертолётӣ то ҳавопаймоҳои бесарнишин ва моҳвораҳо мебошад.
Соли 2023, "Turkish Aerospace Industries Inc." ба феҳристи 100 ширкати бузургтарини дифои ҷаҳон ворид шуд. Даромади солона тақрибан 1,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Дар корхона зиёда аз 15 ҳазор кас, аз ҷумла қариб 7 ҳазор нафар муҳандисон, зиёда аз 6,5 ҳазор нафар техникҳо ва дигар хидматчиён кор мекунанд.
Дар ҷараёни сафар Президенти Ӯзбекистон ҳамчунин бо фаъолияти як қатор дигар корхонаҳои саноати дифоии Туркия, ки ба таҳия ва тавлиди навъҳои зиёди силоҳ ва техникаи низомӣ тахассус доранд, шинос шуд.
Парвозҳои намоишии ҳавопаймоҳо барпо гардиданд.