Президенти Ўзбекистон бо Раиси Халқ Маслаҳати Милли Генгеши Туркманистон мулоқоти телефонӣ анҷом дод

29 декабр мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Раиси Халқ Маслаҳати Милли Генгеши Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов ба амал омад.

Дар оғози суҳбат сарвари давлатамон ба Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов саломи гарму самимӣ ва орзуҳои нек расонд.

Масъалаҳои мубрами амиқсозии минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, эътимод, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Турманистон  баррасӣ шуданд.

Ба татбиқи амалии созишномаҳои дар сатҳи олӣ дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Туркманистон 14-15 июли соли равон ба Ӯзбекистон ва сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Туркманистон рӯзҳои 20-21 октябри соли равон ҳосилшуда, инчунин мулоқотҳо дар майдончаҳои созмонҳои бисёрҷониба таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

 Бо қаноатмандии бузург фаъол шудани ҳамкориҳо дар ҳама самтҳои афзалиятнок қайд карда шуд. Ҳаҷми тиҷорат афзоиш ёфта, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва энергетика амалӣ мегарданд, робитаҳои судманди байниминтақавӣ инкишоф меёбанд, дар доираи табодули фарҳангию гуманитарӣ барномаҳо амалӣ мешаванд.

Таъкид шуд, ки муколамаи байнипарлумонӣ, аз ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба сатҳи нав баромад.

Дар анҷоми суҳбат Президенти Ӯзбекистон ва Раиси Халқ Маслаҳати Генгеши Миллии Туркманистон ба муносибати фарорасии Соли нав якдигарро самимона табрик гуфта, ба ҳарду халқи бародар саодат, сулҳу субот ва шукуфоӣ таманно намуданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: