Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндистон Нарендра Моди 12 январ дар ҷамъомади умумии ҳамоиши "Садои Ҷануби ҷаҳонӣ" иштирок мекунад.
Дар чорабинӣ, ки таҳти раёсати ҷониби Ҳиндистон ба таври онлайн баргузор мешавад, ҳамчунин сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Бангладеш, Ветнам, Камбоҷа, Муғулистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Тайланд ва ғайра ширкат хоҳанд кард. Дар маҷмӯъ, ҳайатҳои вакилони 120 кишвар даъват шудаанд.
Ҳадаф аз ин нишаст, ки таҳти раёсати Ҳиндистон дар “Бистгонаи бузург” баргузор мешавад, табодули афкор ва таҳияи пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба манзури пешбурди манфиатҳо ва ҳалли мушкилоти доғи кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод, экология, энергетика ва амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ, рушди захираҳои инсонӣ, инноватсия, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо мебошад.