Президенти Ўзбекистон имкониятҳои васеи инкишофи кооператсияи саноатиро бо Туркия кайд намуд

  • Президенти Ўзбекистон имкониятҳои васеи инкишофи кооператсияи саноатиро бо Туркия кайд намуд

Ҳайати Туркия бо супориши Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған барои намоиш ва супурдани аввалин мошини миллии электрикӣ таҳти тамғаи "Togg" ба кишвари мо омад.

Масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ, дастгирӣ ва пешбурди лоиҳаҳои кооператсия, ҷорӣ намудани инноватсия ва технологияҳои пешрафта, инчунин дигар ҷанбаҳои амиқсозии минбаъдаи муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркия ба рӯзномаи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳайати Ҷумҳурии Туркия таҳти сарварии вазири саноат ва технология Мустафо Варанк 12 апрел шомил шудааст.

Ҳайати Туркия бо супориши Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған барои намоиш ва супурдани аввалин мошини миллии электрикӣ таҳти тамғаи "Togg" ба кишвари мо омад.

Сарвари давлатамон суръати кунунии баланди ҳамкориҳои дуҷониба, фаъол шудани робитаҳо ва табодули тарафайнро дар ҳама сатҳҳо бо қаноатмандии хоса қайд кард.

Ба сифати мисол афзоиши бемайлони ҳаҷми муомилот, татбиқи муштараки як қатор лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар бахшҳои афзалиятнок ва зиёд шудани суръати парвозҳои мунтазами байни ду кишвар оварда шуданд.

Барои рушди кооператсияи саноатӣ тавассути ҷалби ширкатҳои бонуфузи Туркия ба татбиқи лоиҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи автомобилсозӣ имкониятҳои васеъ қайд карда шуданд.

Ба омодагии бодиққат ба ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкориҳои стратегии сатҳи олӣ, аз ҷумла масъалаҳои ташаккули портфели лоиҳаҳои ояндадор ва қабули барномаи дарозмуддати саноатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ муаррифии мошини электрикии «Togg» баргузор гардид, ки дар ҷараёни он вазир Мустафо Варанк дар бораи хусусиятҳои техникии мошин муфассал сухан ронда, калидҳои онро ботантана супурд.

Роҳбари мамлакати мо изҳори миннатдорӣ намуда, Президент ва мардуми Туркияро бо дастоварди бузург дар соҳаи мошинсозӣ — ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии автомобили барқӣ самимона табрик гуфт.

Сарвари давлатамон ба паси фармони ин мошини барқӣ, ки яке аз аввалинҳо дар Туркия истеҳсол шуда буд, нишаст ва онро идора кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: