Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 1 май дар доираи барномаи Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд президенти Хазинаи байналмилалии рушди ОПЕК Абдулҳамид Ал-Халифаро ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлатамон нақши муҳими Хазинаи ОПЕК-ро дар ноил шудан ба Ҳадафҳои асосии рушди устувор қайд намуда, ба лоиҳаҳои тиҷоратии дар Ӯзбекистон дар соҳаҳои саноат, инфрасохтор, обтаъминкунӣ ва ғайра маблағгузоришаванда баҳои баланд дод.
Аҳамияти омода ва татбиқи ҳарчи зудтари лоиҳаҳо дар доираи Созишнома, ки ба маблағи 500 миллион доллар дар ҷараёни Форум ба имзо расидааст, таъкид гардид. Дар ҳуҷҷат пешбурди самтҳои нави ҳамкории амалӣ – сайёҳӣ, логистика, дорусозӣ, экология, дастгирии соҳибкории занон ва ташаббусҳои ҷавонон пешбинӣ шудааст.