Президенти Ўзбекистон ва Президенти Туркия масъалаҳои муҳими ҳамкориро баррасӣ намуданд

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Режеп Таййип Эрдўғон мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии  Туркия Режеп Таййип Эрдўғон мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

Президенти Туркия сарвари давлати моро ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи президентӣ самимона табрик гуфта, таъкид кард, ки натиҷаҳои овоздиҳӣ бори дигар ҷонибдории васеи аҳолии кишварро аз рафти ислоҳот дар Ӯзбекистони нав нишон дод.

Дар навбати худ, роҳбари кишварамон Президент ва тамоми мардуми Туркияро ба муносибати фарорасии ҷашни асосии миллӣ – Рӯзи ҷумҳурӣ самимона табрик гуфта, сулҳу шукуфоӣ таманно намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкориҳои стратегӣ дар сатҳи олӣ ва ҳамоиши Шӯрои туркӣ баррасӣ шуданд.

Муҳимияти идомаи саъю талошҳои муштарак ҷиҳати боз ҳам зиёд кардани ҳаҷми тиҷорати мутақобила, васеъ кардани портфели лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ва татбиқи барномаҳои муҳими таълимӣ таъкид шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: