Президенти Ўзбекистон ҳайати Русияро қабул кард

  • Президенти Ўзбекистон ҳайати  Русияро қабул кард
  • Президенти Ўзбекистон ҳайати  Русияро қабул кард
  • Президенти Ўзбекистон ҳайати  Русияро қабул кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 25 апрел вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Денис Мантуровро, ки дар кишварамон таҳти сарварии ҳайати Русия барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ. Осиёи Марказӣ» қарор дорад, қабул кард.

Масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои амалии Ӯзбекистону Русия дар заминаи татбиқи созишномаҳо дар сатҳи олӣ баррасӣ шуданд.

Таваҷҷуҳ ба афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобилаи мол, татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва пешбурди лоиҳаҳои нави маҳаллисозӣ ва ҳамкориҳои минтақаҳои ду кишвар равона шудааст.

Ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои мошинсозӣ, металлургия, хоҷагии қишлоқ, саноати сабук, химия ва дорусозӣ эътибори алоҳида дода шуд.

Ба ин муносибат натиҷаҳои пурсамари чорабиниҳои корӣ дар доираи намоишгоҳи саноатӣ, ки  дар ин рӯзҳо дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, бо қаноатмандӣ қайд карда шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: