Президенти Ўзбекистон ҳайати вакилони Италияро қабул кард

  • Президенти  Ўзбекистон ҳайати вакилони Италияро қабул кард
  • Президенти  Ўзбекистон ҳайати вакилони Италияро қабул кард
  • Президенти  Ўзбекистон ҳайати вакилони Италияро қабул кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 26 апрел вазири мудофиаи Ҷумҳурии Италия Гвидо Кросетторо, ки бо боздид дар мамлакати мо мебошад, кабул кард.

Масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Италия баррасӣ шуданд.

Дар аввали мулоқот роҳбари идораи мудофиа ба роҳбари Ӯзбекистон саломи самимӣ ва орзуҳои неки Президенти Италия Серҷо Маттарелла ва Раиси Девони Вазирон Ҷорҷӣ Мелониро расонд.

Сатҳи баланди имрӯзаи ҳамкориҳои дуҷониба бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Муколамаи созандаи сиёсӣ инкишоф меёбад. Тайи чанд соли охир ҳаҷми савдои мутақобила ва сармоягузорӣ ду баробар афзуд. Дар мамлакати мо филиалҳои мактабҳои олии бонуфузи  Италия — донишгоҳҳои политехникии Турин ва Пизан фаъолият доранд.

Ба чорабиниҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ омодагии муштарак дида мешавад.

Зимни суҳбат ба масъалаҳои ҳамкории амалӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла энергияи барқароршаванда, логистика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Сарвари давлатамон муҳим будани ба роҳ мондани муносибатҳои шарикиро байни идораҳои мудофиаи Ўзбекистон ва Италия таъкид намуд.

Ҳамчунин доир ба масъалаҳои таъмини суботу амнияти минтақа, аз ҷумла ҳалли мусолиматомези вазъ дар Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: