Раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ рӯзи 19 май бар асари суқути ҳавопаймо ҳалок шуд. Ин иттилоъро раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон Пирҳусейн Коливанд тасдиқ кардааст. Хабаргузории Меҳр низ аз ҳалок шудани раисиҷумҳур хабар дод.
19 май чархболи Президент дар минтақаи кӯҳистонии шаҳри Верзеган, дар наздикии марзи Эрон ва Озарбойҷон "сахт фуруд омадааст".
Наҷотдиҳандагон ҷои суқути чархболро рӯзи 20 май муайян карданд. Маълум шуд, ки чархбол ҳангоми "фурӯравии сахт" комилан сӯхтааст. Ба ҷуз аз халабонҳо раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ, вазири корҳои хориҷӣ Амир Абдуллоҳён, губернатори Озарбойҷони Шарқӣ Оятуллоҳ Ҳошим ва Имоми Табрез Муҳаммад Алӣ Ҳошим буданд.
Пеш аз суқути чархбол Иброҳим Раисӣ аз мулоқот бо роҳбари Озарбойҷон Илҳом Алиев бармегашт. Сарони давлатҳо дар маросими ифтитоҳи сарбанди дарёи Арас ширкат доштанд.
Пирҳусейн Коливанд аз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон гуфтааст: "Вақте макони чархболи суқутшуда мушаххас шуд, ҳеҷ нишонае аз наҷотёфтагон мушоҳида нашудааст".
Дар сурати даргузашти раисиҷумҳури Эрон, бо ризоияти раҳнамои олӣ Хоманаӣ салоҳиятҳои ӯро ноиби аввали раисиҷумҳур Муҳаммад Муҳбар бар ӯҳда мегирад. Интихоботи нави президентӣ дар Эрон дар давоми 50 рӯз баргузор мешавад.
Иброҳим Раисӣ соли 2021 Президенти Эрон интихоб шуда буд. Президенти 63-солаи Эрон фаъолияти худро аз арсаи ҳуқуқ оғоз кардааст - дар манотиқи мухталифи кишвар ба ҳайси прокурор кор кардааст.
Соли 2014 Раисӣ мақоми прокурори генералии кишварро бар ӯҳда дошт ва дар соли 2017 номзад ба мақоми раисиҷумҳури Эрон буд, вале аз Ҳасани Рӯҳонӣ шикаст хӯрд. Вай дар интихоботи соли 2021 бо беш аз 60 дарсади овоз пирӯз шуд. Иброҳим Раисӣ ҳамеша Исроилро дар сиёсати хориҷӣ душмани аслӣ медонист ва бар зидди он изҳорот додааст. Президент таҳти таҳримҳои ИМА ва Иттиҳоди Аврупо қарор дошт.
Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ 9 ноябр бо ҳамроҳии ҳамсараш Ҷамила Аламолҳода ба Тошканд омада буд. Ҳамон рӯз Шавкат Мирзиёев бо Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ мулоқот кард. Дар он масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Ӯзбекистону Эрон, тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ дар бахшҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, инноватсия ва нақлиёт баррасӣ шуданд. Бо қаноатмандй қайд карда шуд, ки гуфтушунидҳо фаъолона давом доранд.