Бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15-16 сентябри соли равон Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар чаҳорчӯби барномаи ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар Самарқанд баргузор мегардад, ба кишварамон ташриф меорад.
Рӯзномаи музокироти дуҷонибаи раҳбарони Ӯзбекистон ва Русия масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитариро дар бар мегирад.
Ба тавсеаи кооператсияи саноатӣ, фаъолсозии робитаҳои байниминтақавӣ ва соҳибкорон, пешбурди лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ ва барномаҳои башардӯстона таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Дар баробари ин, сарони ду давлат доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор хоҳанд кард.
Президент Владимир Путин ҳамчунин дар чорабиниҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ ширкат хоҳад кард.