Президенти Федератсияи Русия бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон меояд

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Федератсияси Русия Владимир Путин 26-27 май бо сафари давлатӣ ба кишвари мо меояд.

Мутобиқи барномаи будубош музокирот дар сатҳи олӣ пешбинӣ шудааст.

Рӯзномаи ҷаласаи оянда масъалаҳои рушди минбаъда ва амиқсозии муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Русияро дар бар мегирад.

Ба тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ, пеш аз ҳама вусъат додани гардиши моли мутақобила, пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, дастгирии барномаҳои ҳамкориҳои инноватсионӣ ва идомаи табодули фаъоли фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Роҳбарони давлатҳо инчунин дар ҷаласаи нахустини Шӯрои минтақаҳои Ӯзбекистону Русия ширкат хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки дар арафаи сафар дар шаҳри Тошканд як қатор чорабиниҳои муштарак – вохӯрии ректорони донишгоҳҳои пешрафтаи муҳандисӣ-техникӣ, конфронси илмию амалии тиббӣ ва Ҳафтаи санъати Русия баргузор мегарданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: