Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳимияти рушди минбаъдаи ҳамкории васеъмиқёсро бо Федератсияи Русия таъкид намуд

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 19 январ муовини роҳбари Администратсияи Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Козакро пазируфт.

Дар оғози мулоқот Дмитрий Козак саломи самимӣ ва таманноҳои беҳтарини Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро расонд.

Махсусан қайд гардид, ки тавофуқоти мулоқоту равобити ахири сатҳи олӣ ба таҳкими шарикии стратегии Ӯзбекистону Русия ва густариши муносибатҳои гуногунҷанба такони қавӣ бахшиданд. Ҳаҷми тиҷорат меафзояд, лоиҳаҳои бузурги кооператсияи саноатӣ ва барномаҳои афзалиятноки башардӯстона амалӣ мешаванд.

Сарвари давлат муҳимияти рушди минбаъда ва кушодани иқтидори ҳамкории васеъмиқёсро байни Ӯзбекистон ва Русия таъкид намуд. Инчунин дар бораи вазъияти Осиёи Марказӣ дар партави воқеаҳои дар минтақа ба амаломада мубодилаи афкор сурат гирифт.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: