Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев аз таътили меҳнатии кӯтоҳмуддат баргашт

Ҳамин ҳафта дар назди Сарвари давлатамон доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи иҷтимоию иқтисодӣ баргузор намудани як қатор вохӯриҳо ба нақша гирифта шудааст.

Сафари давлатии Президенти кишварамон ба Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин ширкат дар Ҷаласаи навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва саммит дар формати «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» дар Остона ба нақша гирифта шудааст.

Интизор меравад, ки дар охири ҳафта Сарвазири Ҷопон Фумио Кишида ба кишвари мо бо боздиди расмӣ ташриф меорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: