Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистонҳайати Иттиҳоди Аврупоро қабул кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 25 ноябр ҳайати Иттиҳоди Аврупоро таҳти сарварии ноиб-президенти Комиссияи Аврупо Маргаритис Схинас ба ҳузур пазируфт.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 25 ноябр ҳайати Иттиҳоди Аврупоро таҳти сарварии ноиб-президенти Комиссияи Аврупо Маргаритис Схинас ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози вохӯрӣ Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо ба роҳбари давлати мо саломи самимӣ ва орзуҳои неки раиси Шӯрои Аврупо Шарлз Мишел ва сарвари Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйенро расонд.

Масъалаҳои минбаъд васеъ гардондани ҳамкории бисёрҷанба байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд.

Фаъол шудани робитаҳо ва ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаи иқтисод, волоияти қонун, ислоҳоти демократӣ, ҳуқуқи инсон, амният ва дигар самтҳои афзалиятнок бо қаноатмандӣ қайд гардид. Ҳамин моҳ ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкориҳои “Ӯзбекистон – Иттиҳоди Аврупо” бомуваффақият баргузор гардид.

Ҳаҷми савдои мутақобила босуръат меафзояд, лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ бо ҷалби таҷрибаи пешқадам ва технологияҳои ширкатҳои пешрафтаи аврупоӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар соҳаи маориф, амният, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир барномаҳои муҳими муштарак амалӣ мешаванд.

Ба охир расондани музокирот ва ҳар чи зудтар қабул кардани Созишнома дар бораи шарикии васеъ ва ҳамкорӣ байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо эътибори алоҳида дода шуд.

Ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: