Бо таклифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл бо ҳамсараш 13 июн бо сафари давлатӣ ба мамлакатамон омад.
Меҳмони олимартабаро дар Фурудгоҳи байналхалқии Тошканд Сарвазири Ӯзбекистон Абдулла Арипов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Пас аз суҳбати кӯтоҳ Президенти Корея ба қароргоҳе, ки барояш ҷудо карда шудааст, роҳ гирифт.
Ба шарафи меҳмони олимақом парчамҳои давлатии ду кишвар бардошта шуда, каровули фахрӣ саф орост.
Чорабиниҳои асосии сафар фардо, 14 июн баргузор мешаванд.
Дар музокироти сатҳи олӣ масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи дӯстӣ ва муносибатҳои шарикии махсуси стратегии Ўзбекистон-Корея баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар поёни нишаст имзои як қатор санадҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар назар аст.
Ҳамчунин дар назар аст, ки сарони ду кишвар дар форуми муштараки тиҷоратӣ ширкат кунанд.
Президент Юн Сок Ёл бо мақсади шиносоӣ бо мероси бойи фарҳангӣ ва таърихии кишвари мо ба шаҳри Самарқанд сафар мекунад.