Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаро бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ таъкид намуд

  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаро бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ таъкид намуд

Президент Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 ноябр Котиби генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) Зураб Пололикашвилиро ба ҳузур пазируфт.

Ба рӯзномаи мулоқот масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории амалии кишвари мо бо ин муассисаи бонуфузи байниҳукуматии махсуси Созмони Милали Муттаҳид ворид гардиданд.

Бояд гуфт, ки Ӯзбекистон аз соли 1993 узви Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ мебошад. Дар тӯли давраи гузашта ташаббусҳои муҳим ва барномаҳои муштарак, ки ба кушодани иқтидори бузурги соҳа ва пешбурди бренди сайёҳии Ӯзбекистон дар сатҳи байналмилалӣ нигаронда шудааст,  татбиқ шуданд. Инчунин дар кишварамон идораи минтақавии Созмон оид ба Роҳи бузурги абрешим фаъолият нишон медиҳад.

Солҳои охир ҳамкориҳо ба таври назаррас фаъол гардиданд. Дар айни ҳол якҷоя ба 25-умин сессияи Ассамблеяи генералии ЮНВТО дар шаҳри Самарқанд дар соли 2023 омодагӣ дида мешавад.

Дар рафти суҳбат Зураб Пололикашвили ба натиҷаҳои ислоҳоте, ки оид ба  рушди инфрасохтори муосири сайёҳӣ дар Ӯзбекистон татбиқ мешаванд, аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи ташаббусҳои соҳибкорӣ, ки ба афзоиши сифатии нишондиҳандаҳои сайёҳии хориҷӣ ва дохилӣ мусоидат мекунанд, баҳои баланд дод.

Дар бораи қабули «харитаи роҳ» оид ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишвари мо бо ЮНВТО созиш ҳосил шуд, ки ба онҳо чорабиниҳо оид ба пешбурди бренди сайёҳии Ӯзбекистон, гузарондани маъракаҳои пурсамари иттилоотӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, татбиқи дигар лоиҳаҳои муҳим дохил мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: