Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Будапешт рафт

  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Будапешт рафт
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Будапешт рафт
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Будапешт рафт

Бинобар даъвати ҷониби Венгрия Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 3 октябр бо сафари расмӣ ба Венгрия рафт.

Мутобиқи барномаи будубош дар шаҳри Будапешт мулоқот бо Президенти Венгрия Каталина Новак ва гуфтушунид бо Сарвазир Виктор Орбан дар назар аст.

Масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба дар самтҳои афзалиятнок баррасӣ хоҳанд шуд.

Илова бар ин, доир ба рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат мегирад.

Сарвари давлати мо инчунин бо намояндагони ширкатҳои бонуфузи Венгрия мулоқот хоҳад кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: