ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА ИМА ОМАД

Вашингтон. 15 май. Мухбири махсуси ӮзА Абу Бакр Ӯрозов хабар медиҳад.

Вашингтон. 15 май. Мухбири махсуси ӮзА Абу Бакр Ӯрозов хабар медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бино бар даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи  Амрико Доналд Трамп 15 майи соли 2018 бо боздиди аввалини расмӣ ба Вашингтон омад.
Дар аэропорти «Эндрюс»-и пойтахти ИМА Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ҳайати расмии ИМА пешвоз гирифт.
Ҳар ду ҷониб ҳам ба мулоқоти олидараҷаи оянда эътибори калон медиҳанд. Маъмурияти ИМА ба ташрифи Президенти Ӯзбекистон ба сифати воқеаи таърихӣ баҳо медиҳад.
Шавкат Мирзиёев 16 май дар Қасри сафед бо Доналд Трамп вомехӯрад. Аввал музокирот дар доираи танг, сипас дар доираи васеъ баргузор мегарданд.
Чорабиниҳои асосии ташриф 16-17 май ба нақша гирифта шудааст.
Чи хеле ки пештар хабар шуда буд, дар рафти музокироти дараҷаи олӣ ҳолат ва пешомади рушди ҳамкории Ӯзбекистону Амрико баррасӣ мегардад. Бино бар масъалаҳои муҳими байналхалқӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намудан ба нақша гирифта шудааст. Дар Вашингтон сарвари давлатамон инчунин дар Конгресс, вазорати мудофиа ва департаменти давлатии ИМА, инчунин дар Бонки умумиҷаҳонӣ вохӯриҳои дуҷониба мегузаронад.
Бино бар ҷамъбасти ташрифи расмӣ қабули Изҳороти муштараки президентҳо «Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико: ибтидои давраи нави шарикии стратегӣ», ба имзо расондани беш аз 40 ҳуҷҷат, ки таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои мухталиф пешбинӣ менамоянд, ба назар гирифта шудааст.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: