Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Қоҳира рафт

  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Қоҳира рафт
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Қоҳира рафт
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Қоҳира рафт
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Қоҳира рафт

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сиси 20 феврал бо сафари расмӣ ба ин кишвар рафт.

Мувофиқи барномаи сафар, дар қасри "Ал-Иттиҳодия"-и Коҳира дар сатҳи олӣ музокирот баргузор мегардад.

Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаро дар самтҳои афзалиятнок баррасӣ хоҳанд кард. Дар назар аст, ки як қатор санадҳои дуҷониба имзо шаванд.

Сарвари давлати мо бо намояндагони ширкатҳои бонуфузи Миср мулоқот хоҳад кард.

Боздид аз  Осорхонаи миллии тамаддуни Миср, ки дар он коллексияи ғании осор ва ёдгориҳои марбут ба таърихи кишвар аз замонҳои қадим то имрӯз мавҷуд аст, ба нақша гирифта шудааст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: