Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сафорати Эрон дар Тошканд ташриф овард

  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сафорати Эрон дар Тошканд ташриф овард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 21 май ба сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ташриф оварда, ба мардуми дӯсти Эрон дар робита ба ҳалокати фоҷиавии Президент Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳони ӯ бар асари суқути чархбол дар шимоли мамлакат изҳори ҳамдардӣ кард.

Сарвари давлатамон дар Китоби тасаллият, ки дар ваколатхонаи дипломатӣ кушода шудааст, ҳамдардӣ ва тасаллияти самимӣ навишт.

Зимни суҳбати кӯтоҳ бо сафир Муҳаммадалӣ Искандарӣ роҳбари Ӯзбекистон алоҳида таъкид кард, ки Президент Иброҳим Раисӣ арбоби барҷастаи давлатӣ ва сиёсӣ буда, дар рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ ва таҳкими нуфузи байналмилалии Эрон, инчунин вусъат додани ҳамкории бисёртарафаи ба ҳамдигар фоидабахши байни мамлакатҳои мо саҳми бузург гузоштааст.

Як рӯз пеш Президенти Ӯзбекистон ба Пешвои олии динии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ барқияи тасаллият ирсол кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: