Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 16 декабр ба Ҷумҳурии Куриё бо боздиди давлатӣ омад.
Дар аэропорти Сеул истиқболи тантанавии сарвари давлатамон барпо гардид. Ба шарафи меҳмони олӣ қаровули фахрӣ саф орост. Аз артиллерия тир холӣ карда шуд.
Дар назди самолёт роҳбари Ӯзбекистонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Куриё Хонг Нам Ки ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Чорабиниҳои асосии ҳамоиш - мулоқоту музокироти дуҷониба рӯзи ҷумъа, 17 декабр баргузор мешаванд.