Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо боздиди давлатӣ ба Покистон ташриф меорад

Бинобар даъвати Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон 3-4 март Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ин мамлакат бо боздиди давлатӣ ташриф меорад.

Рӯзномаи мулоқоти дарпешистодаи сатҳи олӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистону Покистонро дар бар мегирад.

Ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳои амалӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, кооператсияи саноатӣ, нақлиёт, логистика, инфрасохтор ва сайёҳӣ, инчунин тавсеаи барномаи табодули фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус дода хоҳад шуд. Доир ба рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат хоҳад гирифт.

Дар ҷамъбасти ҳамоиш қабули эъломияи муштарак ва як қатор санадҳои дуҷониба дар назар аст.

Мувофиқи барномаи сафар мулоқотҳои сарвари давлатамон бо Президенти Покистон Ориф Алвӣ, роҳбарони идораҳо ва ширкатҳои бонуфузи ин кишвар низ дар назар аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: