Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 26 ноябр котиби генералии Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурияро, ки дар кишварамон бо боздиди корӣ қарор дорад, пазируфт.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 26 ноябр котиби генералии Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурияро, ки дар кишварамон бо боздиди корӣ қарор дорад, пазируфт.
Масъалаҳои густариши минбаъдаи самтҳои ҳамкории мутақобилан судманди кишвари мо бо сохтори бонуфузи соҳавии байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Ӯзбекистон аз соли 1992 узви Созмони ҷаҳонии гумрук аст. Солҳои охир равобити мутақобила бо ин созмон ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Дар соли 2019 «харитаи роҳ» оид ба ҳамкорӣ қабул карда шуд. Кишвари мо ба конвенсияҳои Киото ва Истамбул ҳамроҳ шуда, инчунин Созишнома оид ба иштирок дар Барномаи мусоидат ба савдои ҷаҳонӣ ба имзо расид, ки дар доираи он аллакай 12 чорабинӣ баргузор гардид.
Бо мусоидати Созмон аз моҳи январи соли 2020 системаи автоматикунонидашудаи «Равзанаи ягона» ҷорӣ гардида, Маркази вазъиятии ҳамоҳангсозии назорати гумрукӣ таъсис дода шуд. Чанде пеш лабораторияи гумрукии мо мақоми лабораторияи минтақавии Созмони ҷаҳонии гумрукро гирифт.
Донишкадаи олии ҳарбии гумруки Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон дар Барномаи тадқиқоти ин сохтори байналмилалӣ номнавис шудааст.
Барои баланд бардоштани тахассуси кормандони гумрук кӯмак расонида мешавад. Тайи чанд соли охир беш аз 200 нафар кормандони гумруки мо дар курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисоси Созмон иштирок намуданд.
Илова бар ин, ҳамкориҳои минтақавӣ инкишоф меёбанд. Дирӯз дар шаҳри Тошканд мулоқоти судманди намояндагони хидмати гумруки кишварҳои минтақа баргузор шуд.
Дар мулоқот бо котиби генералӣ Кунио Микурия ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти такмил ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид.
Муҳимияти татбиқи чорабиниҳо ва лоиҳаҳои муштарак оид ба рақамисозӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои пешрафтаи байналмилалӣ, навсозии постҳои гумрукӣ дар асоси истифодаи системаҳои интеллектуалӣ, такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия, қочоқ ва қонуншикании гумрукӣ , тайёр кардани мутахассисон ва дигар соҳаҳо таъкид шуд.
Зарурати зич ҳамкорӣ намудан дар масъалаҳои зудтар ворид шудани кишвар ба Созмони ҷаҳонии савдо қайд карда шуд.
Байни Ӯзбекистон ва Созмони ҷаҳонии гумрук дар бораи қабул намудани «харитаи роҳ»-и нав оид ба васеъ гардондани шарикии амалӣ мувофиқа ҳосил шуд.
ӮзА.